Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Рухсора донишҷў мешавад, ҳар субҳидам ба дарс мешитобад, дар сари он мизе, ки ман менишастам, нишаста, лекция гўш мекунад. Пеши назарам омад, ки чӣ гуна вай дарс гўш мекунад, чӣ гуна мўяшро дуто бофта, ба пушташ партофтаасту хиромон аз зинапояҳои институт фуромада меояд… Ману вай таҷрибаи сар кардаи маро давом медиҳем, дар пахтазор санҷида исбот мекунем, ки... Не, алҳол масъала мегузорем: инсектисид ё муборизаи биологӣ?.. Ба ҷои инсектисид, ки обу ҳаворо заҳролуд мекунад, зидди ҳашароти зараррасон дар пахтазор ҳашароти фоиданокро ба кор андохтан мумкин. Эҳ-ҳе, як худи халилихўрак тортанакканаро нест карданаш мумкин. Хелҳои гуногуни ҳашароти фоиданокро ёфта, таносуби фоидаю зарари он, усули афзоиши онҳоро дар пахтазори республика бояд дурудароз таҳқиқ кунем. Дар заминҳои обӣ ҳашароти фоиданок кам мондагӣ... Агар ба муқобили ҳашароти зарарнок заҳрҳои химиявиро бо кор набарем, дар пахтазорҳои мо, дар марғзору юнучқазорҳои мо чӣ қадар занбўри асал парвариш кардан мумкин...
Ина аз дар даромад. Аз афташ, корашро тамом карда, ба хона мерафт, ки дар пояш кафши нафиси пошнабаланд, қомати ўро боло карда буд.
– Аҳвол чӣ хел? – вай бо ин савол дилҷўёна ба назди ман омад, ки аз ин муомила ботинан дилам бардошта шавад ҳам, дар назди ҳамхонаҳо бесабаб шарм доштам.
– Ташаккур, нағз, – гуфтаму бештар барои рафъи хиҷолат саволи кайҳо боз дар нўги забонам будагиро пурсидам: – Ина, номатон ғалатӣ... аслаш ҳамин хел?

пешина
аз 538
навбатӣ