Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

фиристодааст. Ногоҳ бинам, Лутфулло ба миён даромада, ба он даъвогарон исбот карданӣ: «Ман дар ҳамин ҷо нишаста будам, эълонро бо гўши худ шунидам» мегўяд. Ба одами маст ин хел маҳмаддоно маъқул намешавад. Яктааш аз гиребони ҷўраи мо гирифту «ту худат кӣ?» гўён тела дода аз дар берун карданӣ буд, ки тохта рафта халос кардем.
Ман рўболо хобида фикр мекардам. Баъди як ҳафта иҷозати бархестан ва раҳ гаштан медодаанд. Ҷароҳати сарам хавфнок будаст. Худаш ҳам чунон башаст парида рафтам, ки гумонам маро мошин зада бошад. Хайрият, ки ин ҳодиса баъди рафтани Рухсора рӯй дод, вагарна вай тарсида, мумкин буд бетоб шавад. Дар вақти имтиҳон андаке тобатон гурезад, коратон пачоба!..
Ҳоло вай ба чӣ кор банд бошад? Аслан, бесабаб ба вай ин қадар андармонам. Охир қарс аз ду даст, майли ў ба ман ҳеҷ маълум не, ҳамту, эҳтиром мекунад. Балки дар институт ба кор монданамро гуфтаму... Кӣ медонад?
Шояд дар ягон гўшаи дилаш будагистам? Одами дил мебастагӣ аз як дидан ҳам дил мебандад. Хайр, аз як дидан дил набандад ҳам, аз шиносоӣ ба дилаш ғулғулае меафтад. Ҳанўз ҳам ҳайронам, намедонам чӣ кор кунам. Ба Рухсора хат нависам ё не? Не, хат ба дасташ намерасад. Фасли таътил дар хобгоҳ мактуби зиёде ғун мешавад. Азбаски Рухсора аз касе мактуб интизор не, рафта он мактубҳоро тагурў намекунад. Намешавад.
Телеграмма диҳам? Не, гапи ман бо телеграмма мегуфтагӣ гап не. Чӣ кор кунам?.. Имтиҳонро чӣ хел супурда бошад? Аз конкурс гузарад-дия... Агар баргашта ба деҳаашон равад-чӣ? Не-е, мегузарад. Хайр, мабодо нагузарад, соли дигар меояд. Аз курси мо Ҳафиз се сол паёпай омада, аз имтиҳон, сонӣ аз конкурс нагузашта, оқибат соли чорум дохил шуд-ку...

пешина
аз 538
навбатӣ