Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
– Даври ҷавонии мо зану духтарон ҳам хору зор буданд. Духтари хушрў ягон-ягон дучор мешуд.
Ҳозир якташ аз дигараш базеб. Ҳусн аз даҳан-дия.
Серию пурӣ, дили беғам як ҳуснашро даҳ мекунад.
– Муаллимҷон, садқатон шавам, ҳусни зан – табақи чинӣ, – ба ҳикмат сухан сар кард Оқилов. –Табақи чинии холӣ ба кӣ даркор?! Барои тамошо?! Инҳо, – вай ба тарафи Ина ишорат кард, – барои дар кўчаю кино падрушка карда, гаштан соз, барои рўзгор кор намеоянд. Ду рўз ба сари дегу оташдони ману шумо шинад, бинед, чӣ мешавад? Тоб намебиёрад.
– Не, Ина аз он хелҳо не, – эътироз карданд Ҷаводзода. – Дасташ ба оби хунук нарасидагӣ, таннозҳо дигар хеланд. Ҳамаро ба як газ чен накунед.
– Ман медонам, ё шумо? – даст ба сари сина дарк зада, пешхезӣ кард Оқилов. Баъд вай дар хусуси ҳеҷ кадом як хешбачааш, ки ба гапи падару модар гўш надода, ба як духтари «ҷудо ҳам хондагӣ» хонадор шуданаш ва арўс чӣ хел кори рўзгорро надонистанаш, хеле лаққид.
Ҷаводзода суханони ўро гўш карда истода беэътино даст афшонданд. Дар ҷои ман Лутфулло мебуд, ба бемориаш нигоҳ накарда, бо ин суроб даст ба гиребон мегашт. Вай мурад ҳам, хап намешишт. Сад бор гўед, ки «ҳой кори худро кун, ба ҳар гап қатӣ нашав», боз хап истода наметавонад. Парерсол дар фурудгоҳи шаҳр мунтазири самолёт будем. Ногоҳ ду нафар ҷавонмард ширакайф аз ресторан фуромада омада, фаҳмиданд, ки самолёташон аллакай паридаст. Навбатдори сменаро дошта, ба сари вай ғавғо бардоштанд. Мусофирон даъво доштанд, ки навбатдор эълон накарда, самолётро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо