Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Намедонам, ё ба назари ман ҳамин хел менамояд.
Ба бемористон афтоданамро аз наздиконам ҳеҷ кас намедонад. Агар Рухсора хабар ёбад, балки меомад.
Хабар диҳам ё не? Агар имрўз мактуб навишта, ба почта партоям, фардо, ҷудо дер монад, пасфардо мегирад. Аммо хатро гирифта чӣ, мегўяд? Беморбинӣ биё, гуфтагӣ барин. Аз каси дигар шунида худаш ояд, гапи дигар. Каси дигаре дар миёни мо нест. Ҳамкурсон парешон шуда рафтанд. Ба падар хабар намедиҳам.
Бекора алағда гашта, аз роҳи дур то расида омадан корашон мешавад. Ин хел хабар касро ба ҳар гумон мебарад... Яку якбора ғайб задам, Рухсора чӣ мегуфта бошад. Нағз нашуд, ба вай хабар додан даркор. Таътил, хобгоҳро таъмир мекунанд, вагарна телефон кардан ҳам мумкин буд. Воқеан, мактуб нависам, ба вай намерасад.
Дар сари хўрокхўрии ман Ина Ҷаводзодаро андаке ранҷонд. Аслан, гуноҳи духтарак ҳам не, муаллим ҳар гапро ба дил мегиранд. Ина мисли ҳарвақта ба ман исрор мекард:
– Ҳамин гўштқимаро хўред, сонӣ бас, гӯед, – мегуфт вай чашмони хуморашро гардонда.
– Ҷуволи холӣ рост намеистад, додар, – суханашонро бафурҷа дона-дона чида ба гап ҳамроҳ шуданд муаллим.
– Аз таом рўй нагардонед. Дилатон накашад ҳам, хўред... Чени шумо будам ман оши як кило биринҷа танҳо мехўрдам. Аз болош якта харбузаи ҷўрақандиро ҳам мезадам.
– Солатон оштахта будаст-дия, – хандид Ина. Барои ҳамин, муаллим, парҳеза дошта наметавонед.

пешина
аз 538
навбатӣ