Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳақиқати ин сухани шўхиомези духтарро ман сонитар фаҳмидам ва ҳар гоҳ ба ёдам Ҷаводзода расанд, ҳамин гуфтугузор ба хотир меомад. Аммо ин гап ба дили муаллим сахт расид.
– Аввал шумо ҳам ба синни мо дароед, ойим. Ҳа, рўзҳои мо дидагиро набинеду агар медидед, ин хел намегуфтед, – озурдахотир таъкид карданд он кас.
– Даррав ранҷидед? Ман ҳазл кардам, – Ина аз гапаш пушаймон шуда, дар хиҷолат монд.
Вай ба чашми ман нигарист. Ин нигоҳи ўро бо кадом забоне ифода накунед, маъниаш таъин: «худатон гўед, охир сухани ман чӣ ҷои бадӣ дошт», мегуфт. Ман ҳам бо забони нигоҳ гуфтам, ки суханаш рост, аммо бо одами солдидаю бемор баҳс кардан хуб не.
– Духтар мардум камтар андешида гап мезанад. Хафа нашавед, ман ҳам дар омади гап мегўям, – ба оҳанги насиҳатомез суханашонро давом доданд муаллим. – Ду қаҳтия аз сар гузарондам. Қиматӣ не, қаҳтӣ! Ба пул нон намеёбед! Ана, худатон медонед, ҷанг... Ҳозир ҳам азобашро мекашам, – Ҷаводзода ба шонаи чапи худ ишора карданд: – Духтурҳо мегўянд, ки дар устухонам як пора тир ҳаст.
Ҷароҳатҳои ҷанг ҳанўз дар ҳар қадам дучор мешаванд. Захми тани одамон шифо ёбад ҳам, захми дилҳо шифо намеёбад. Солҳои вазнини ҷанг мардуми ақибгоҳро ҳам дардманд кард. Аммо ҳозир чӣ? Ҳозир баръакс, аксар аз пурхўрӣ дардманд. Мо се нафар донишҷў дар ҳавлии пирамарде иҷорашин будем. Ҳар бор ягонтаамон бетоб шуда, ба дарс наравем, мўйсафед омада мегуфтанд: «Карная тоза кардан даркор, карная!
Карнай ғубор гирифтаст». Чӣ дарде дошта бошед, мўйсафед аввал «карная тоза кун» мегуфтанд.

пешина
аз 538
навбатӣ