Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

сухани шарикашонро қувват доданд, ки ин гапи он кас ҳам ба ман нафорид.
Ҷаводзода, ба қавли худашон, нафақаи пиронсолӣ гиранд ҳам, ҳанўз пир барин наменамуданд. Аслан, нафақаро барои пирӣ не, барои собиқаи хизмат медиҳанд - ку. Пас чаро «нафақаи хизмат» намегўянд?
Ҷаводзода нафақахўри баҳодурнамуде буданд. Бурути ғафси мошубиринҷ ба каллаи калон ва қомати баландашон зебанда, ришро ҳар саҳар бо алмос тоза метарошиданд. Мўи сарашон ҳам тоза тарошидагӣ.
Муаллим дар ин ҷо бо Оқилов унс гирифта, ба қавли худашон, ҳоло «дегу табақашон ҳам як» шудааст. Ҳар бегоҳӣ аз хонаашон таоми гарм меомад. Онҳо пагоҳӣ ҳам дар палата бо нони танўрию ангури ҷавз ношто карда, фақат хўроки нимирўзиро қатори дигарон аз ошхонаи бемористон мехўрданд.
– Нахўдшўрбо, гуляш, боз якта самбўсаю ғўлунгоб, – бо ғулдуррос оғур дода, дандонковон аз дар медаромад Оқилов. – Бад не.
– Ноштою хўроки шомаш намешавад, – қариб ҳар рўз як бор ин маъниро такрор мекарданд Ҷаводзода.
Баъд лаълӣ дар даст саросема Ина меомаду ба мани бистарӣ хўрок мехўронд. Вай сачоқро ошхўраки кўдакон барин ба гарданам андохта, бо чумча ба ман шўрбо медод. Ду-се чумча мехўрдаму аз хиҷолат бас мегуфтам. Вай «боз як чумча, боз як чумча» – гўён безор мекард. Вақте ки чашмони вай бо хоҳиш ба кас менигаранд, рад карда наметавонед. Ина духтари 18-19 - солаи ситорагарм аст. Беморҳо аз хусуси вай гап ояд, «духтари қобилу вазнинакак» мегуфтанд. Нигоҳаш, хами абрўяш камтар ба Рухсора монанд.

пешина
аз 538
навбатӣ