Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Рухсора ҳам монанди ҳамаи мо, аз рўи китоби дарсӣ ҳаёти хирси сафеди шимол ё худ пингвинҳои Антарктидаро медонист, аммо аз набототу ҷонварони диёри худамон қариб бехабар буд.
Як села майна чуғур-чуғуркунон хўроки ҳайвонотро тала мекарданд. Нигариста истода аз дилам гузашт, ки майна дар чолокию зиракӣ аз гунҷишк ҳам мегузаронад.
– Ин чӣ хел парранда, медонед?
– Дар ҷои мо уна подабонак мегўянд, – гуфт вай бо эҳтиёт, суханашро нимғурма карда.
– Подабонак хол дорад, ин - майна.
Мо аҷоибхонаро тамошо карда, дар канори ҳавзи ҷонварони обӣ, ки ба кўли табиие монанд буд, дамгирӣ нишастем. Аз байни найзор ва дигар буттаю гиёҳи ботлоқӣ ўрдаку мурғобиҳои гуногун, ба умеди он ки аз дасти мо хўроке гиранд, берун омада, пеши мо ҷамъ шуданду ғавғои маҳшар барпо карданд.
Ман фурсат мепоидам. Рухсора тааллуқманде дорад ё не, зудтар фаҳмиданӣ будам. Аз гапу рафтораш маълум, ки надорад. Аммо гуфта намешавад, ин хел духтари нозанинро, ба қавли мардуми деҳа, «сарашро баста монда», сонӣ ба шаҳр мефиристанд. Дар ин хусус чӣ хел гап кушоям, намедонам. Маро ба ин духтари аҷоиб як ҳиссиёти номаълум, кашишу ҷозибаи фавқулодда пурзўр гӯё тобеъ карда буд. Кам-кам ба худ иқрор менамудам, ки ўро хуш кардаам. Мегуфтам, ки духтари орзу кардагиам ҳамин. Аммо ин чӣ хел муҳаббат?
Ҳануз ўро дуруст нашинохта? Охир одам касеро дўст медорад, ки ўро як умр ҳамсафари ҳаёт, якдилу якҷиҳати худ қарор диҳад. Намедонам... Ҳар чӣ бошад ҳам, ин духтар ба ман маъқул, даҳ сол озмуда бинам ҳам, боз маъқул, бо тамоми неку бадаш маъқул.

пешина
аз 538
навбатӣ