Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Кори номаъқулаш ҳам маъқул... Вай агар ҳозир ин фикрҳои маро фаҳмад, балки дигар ба рўям наменигарад. Аҷаб не, ин хел фикру хаёл ҳанўз дар гўшаи хаёлаш ҳам набудагист.
Офтобшинам буд, ки мо аз боғи ҳайвонот берун рафтем. То дар буфет дутогӣ самбусаю обмева хўрдем, ки торикӣ фуромад. Дигар эҳтиёткорӣ фаромўш шуд, ҳар ду пиёда то ба хобгоҳи Рухсора омадем. Мо мамнун ва хушбахт будем. Ҳангоми аз гузаргоҳ гузаштан як-ду бор аз дасти сарди ў гирифтам. Вай сурх шуда, лаб газид, худам ҳам дар вазъияти ногуворе афтода, дасташро зуд раҳо кардам.
Рухсора ба хобгоҳ даромад. Ман боз қадре истода, ба даричаи яктабақа ва дарвозаи оҳанин нигариста мондам. Ҳатто ҳамин дару дарвозаҳо ҳам ба ман азиз ва маҳбуб намуданд. «Хайр... раҳмат» гуфтани Рухсора, овози маҳини зангуладори вай дар гўшам садо медод.
Баъд аз қайди ин эҳсосоти ошиқона раҳоӣ ёфтаму аз соддагию заифдилии худ хиҷолат кашидам. Хайр, дар умрам бори аввал бо духтаре мулоқот доштам, гуфтугў, нигоҳҳои сўзнок, ҳатто дасташро доштам. Дар кафи дастонам лаҳзае аз нав дасти ўро ҳис карда, беихтиёр ба кафи дастонам нигаристам... Чашмони ўро намегўед!..
Имрўз он чашмони сиёҳи пурнур монанди ду майнаи бесаранҷом дар банди дили ман ҳамешагӣ лона монданд. Аз нигоҳи алмосии вай ҳастии ман ободие дорад, ки гуфта наметавонам.
Шаби ором ва ҳаловатбахш буд. Салқинӣ кам-кам дами гармои рўзро шикаста, ҳоло вуҷуди кас роҳат ва

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо