Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хотираҳо, воқеаҳо аз нав зинда мешаванд. Сари ҳар яке аз ин ҷонварони бегуноҳро сила кардан мехоҳам, мехоҳам, ки аз дастам ягон чиз бихўранд... Боғи Ҳайвонот ҳамеша барои ман боҳашамат, ғайриоддӣ ва хаёлангез аст.
Охир, ман хирсро бори аввал дар панҷара не, балки дар кўҳсор, рў ба рў дидагӣ.
– Ана, ин хирс... бачааш қатӣ.
– Хирси сафеди шимолаш ҳамин? Он чи аз фанни зоология хондааст, ба ёд овард ў. – Сафед не-ку?
– Ин хирси кўҳҳои худамон. Дар ин атроф хирс нест, дар тарафи мо бисьёр аст. Дар кўҳҳои баланд зиндагӣ мекунад.
– Одама мехўрад?
– Не, асосан ба одам зиён намерасонад. Ниҳоят бўйгир аст. Дар дунё хирсҳои аз шаст то ҳафтсад кило вазн доштагӣ ҳаст. Баъзан якта, баъзан сето-чорта бача мекунад. Зимистон карахт шуда хоб меравад.
– Дар куҷо хоб мекунад?
– Даруни ғор ё ковокии чуқури шаху зовҳои баланд.
Аз шохҳои хушк барои хоби зимистонааш «бистар»
месозад. Як чӯпон гуфт, ки хирс аз хонааш хасу хошоки поринаашро бароварда партофта, ба ҷояш чўбу чахси тоза андохтанашро ба чашми худ дидааст. Чўпонон мегўянд, ки хирс бачаашро ҳам ба сармои зимистон тайёр мекунад. Вай онро аввал аз байни мушхор мебарад. Мушхор ба тани хирсбача часпида, пачақ шуда, тани онро зиреҳ барин мепўшонад. Ба ғайр аз ин хор баданашро ба хориш меораду хирсбача худашро ба сангу дарахт молида пўсташ ғафсу дурушт мешавад, тибит мебарорад.

пешина
аз 538
навбатӣ