Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
гиранд. Хандааш меомад. Ҳангоми ба истгоҳ расидани троллейбус вай ба ман менигарист, яъне, мефуроем ё не, гўён мепурсид. Ман ба тарзи инкор сар ҷунбонда, «ҳанўз нарасидаем», мегуфтам.
Баъд аз мошин фуромада, бо кўчаи «Путовский» ба сўи боғи ҳайвонот сарнишеб шудем. Ман пеш-пеш, вай аз ақиб меомад. Болои купруки дарё лаҳзае истода, ба оби кап-кабуди он чашм духтем. Сипас ба якдигар нигариста, хандидему пешу қафо ба роҳ афтодем. Дар таҳдари боғи ҳайвонот ҳеҷ кас набуд. Рўзҳои миёнҳафта ин ҷо камодам аст. Ду-се гурўҳ бачаҳо, якта-нимта меҳмонони аз район ё шаҳрҳои дигар омадагӣ ба тамошои ҷонварон саргарм буданду бас. Одамони шаҳр, асосан, ба боғи набототу ҳайвонот рағбат надоранд.
Онҳо соатҳои дароз телевизор тамошо мекунанд, ба футбол мераванд. Ҳатто репортажи телевизионро аз боғи ҳайвонот бо шавқ тамошо мекунанду як бор рафта, бо чашми худ ҷонварони зиндаро намебинанд. Бачаҳо ҳам аз хурдӣ ба стансияи техникҳои ҷавон рафта, чизҳои ғалатӣ сохтанро ёд мегиранд, аммо майсаи ҷавро аз гандум фарқ намекунанд. Беҳтарин мурғи ҳаво барои онҳо кабўтар аст.
Аҷоибхона ором ва сокин буда, осоишгоҳеро ба хотир меовард. Дар сояи чинорҳои азим товусҳои рангоранг хиромон буданд. Ана, товусе сар аз замин бардошта, бо овози дурушт ҷеғ зад ва сарашро ларзонда, гуё аз овози нохуши худ шармида бошад, ба пойҳои безебаш нигарист. Ҷонварон маро аз хурдӣ ба худ мекашанд, ҳанўз ҳам агар рўзҳои дароз бо онҳо монам, дилгир намешавам. Ҳайвонҳо маро ба олами кўдакӣ ва афсонаҳоям мебаранд. Дар рў ба рўи қафаси оҳу ва ё ғурми кўҳӣ соатҳо рост меистам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо