Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
– Э, тавба! Ман ин хел нагуфтаам-ку! – вай шўхии маро нафаҳмида хиҷолат мекашид, ранги рўяш гоҳ сурх, гоҳ сафед мешуд.
– Хайр, аз рўи одати шумоён агар духтар маъқул шавад, чӣ кор мекунанд? – ҷиддияти бардурўғамро ҳанўз ҳам зоҳир намекардам.
– Духтара хуш кунанд, ба хонааш кас мемонанд.
– Ҳим... фаҳмидам... Аз ёд намебарорам.
Баъд ман берун рафтам, то ки вай зудтар тағйири либос карда барояд. Аз дарвозаи хобгоҳ онсўтар, дар сари кўча рост меистодам, ки боз дар танаш ҳамон сару либоси хонагӣ давида омад.
– Ҳа, чӣ гап шуд?
– Не, намеравам... Шумо равед… – нигоҳаш поён лағҷида узр мехост. – Мебахшед, шуморо...
– Мебахшедаш чӣ, хайр агар нахоҳед… – аввал ранҷидам, баъд авзои ўро дида, раҳмам омад. Ҳануз ҳам ду ҳисси ба ҳам муқобил ўро ба ду тараф кашиданаш аён буд. – Акнун шумо дар мактаби олӣ… хурд нестед, ин қадар тарсу ваҳм? Ҳамроҳи ман ба кўҳу дашт намеравед-ку!
– Э, метарсам, охир.
– Чӣ метарсед? Тавба... Худатон танҳо рафтагӣ барин. Равед, тезтар либос пўшеду бароед! Эҳ-ҳа, агар ин хел кунед, дар институт хондан мушкил. Равед, – дудилагии ўро дида, боз ташвиқ кардам.
– Ягон гап шавад, шумо гунаҳгор, – ҳазломез ба ман таҳдид кард вай ва баргашта ба хобгоҳ даромад.
Ману ў аз якдигар дур мерафтем. Дар троллейбус ҳам «бегона» барин, ҷудо-ҷудо нишастем. Ду нафар ҷавонон аз ду паҳлўяш гузашта, зўр мезаданд, ки ўро ба гап

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо