Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

хурдакаки ўро доштаму гўё тамоми ҷасоратам ба якбора сарф гашт, дигар чӣ гуфтанамро, чӣ кор карданамро намедонистам, дилам ба монанди мошини чокдузӣ шатар - шатар мезад. Зуд дасташро аз дастам раҳо кардам. Ҳар ду ҳам аз ҳаяҷон лаҳзае сурх шуда, сухани мегуфтагиамонро гум кардем. Аз ростӣ, чӣ кор карданамонро намедонистем. Вай барои хиҷолат доданам маломатомез ба рўям ялти карда, як нигаристу бо итоб ба ман пушташро гардонда, дақиқае чанд хомўш истод.
– Рафтем, дер шуд, – гуфтам ман баъди хеле хомўшӣ гўё ҳеҷ воқеае руй надода бошад.
– Ба ҳамин шарт меравем, ки шумо аз як тарафи раҳ мегардед, ман аз тарафи дигар. Майлаш? – якбора ба тарафи ман рў оварда бидиррос зад вай ва чашмони сиёҳашро ба ноз гардонд.
– Хуб, ҳазор бор хуб, – хандидам ман.
– Мабодо ба дилатон сахт нагиред, одати мо ганда, – гуфт вай узрхоҳона. – Аллакай бо як бачаи бегона гаштаст, мегўянд.
«Бачаи бегона» гуфтани вай ба дилам сахт расид, аммо маълум накардам.
– Хайр, агар бо «бачаи худӣ» гардед, гап намезананд охир?
– Э, ин каса бинед... Дар ҷои мо ин хел гапу корҳо… э
-э, гуноҳи азим. Хайр, баъзеҳо рустӣ вохўрда ҳамгап мешаванд.
– Ҳа, хайрият, – гуфтам ман ба шўхӣ нафаси сабук кашида. – Яъне, рустӣ вохўрем, мешавад?

пешина
аз 538
навбатӣ