Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Тафси ҳаво шикаст, ҳозир вақти нағз.
– Рафта бинам, агар вай дар хона бошад.
Вай тозон аз хона баромад. Ман танҳо монда хонаро аз назар гузарондам. Ҳама ҷо покиза, пардаҳои тиреза барф барин, хона ба тартиб, дар ҳар як ашёи ночиз ҳам завқи бетакаллуфи духтари оддӣ ба назар мерасид.
Фақат як чиз ба ман маъқул нашуд. Рухсора ду канори сачоки рўпоккуниашро ба усули кашидадўзӣ гулҳои рангоранг андохтаст. Ба ман, ки ба маданияти имрўзаи шаҳр одат кардаам, ин гулдўзиҳо маъқул не гуфтан хато будагист-ку, дар ҷояш не, бемавқеъ барин.
– Нест, хонааш қулф аст, – гуфт вай аз дар даромада.
Нигоҳаш хаёломез ба ман дўхта шуд, аммо майли дили ўро фаҳмида намешуд, гўё парешонхотир бошад, чеҳрааш ифодаи аниқ надошт.
– Ҳеҷ гап не, вай ягон бори дигар меравад, – гуфтам ман, гуё барои чӣ дугонаашро ҳамроҳ гирифтани ўро намедониста бошам.
– Не-е, – ба аломати инкор сар ҷунбонду зиракона табассум кард вай. Баъд ба авзои ҷиддӣ гуфт: – Ягон кас бинад, ба бало мемонам. Дадаам ба пўстам каҳ ҷо мекунанд.
– Э, натарсед, дар ин шаҳр каҳро аз куҷо меёбанд, – чунон ҷиддӣ гуфтам, ки Рухсора хандида фиристод.
– Шумо намедонед, ҳамқишлоқиҳомон бинанд…
– Ман қатӣ даст ба даст намеравед-ку! Аз якдигар дурдур мегардем, – сухани ўро бурида, таклифи ба сарам омадагиро гуфтам.
Рухсора фикр карда монд. Маълум буд, ки вай ҷазбан рафтанӣ. Бинобар он, бо ҷуръат аз дасташ дошта, ўро ба роҳ ҳидоят намудам. Дасти сахту

пешина
аз 538
навбатӣ