Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Медонам, сухани маро бурид вай, – лекин ҳисобашона ёфтагӣ. Муаллим вақти иншоро гирифтан ишора мемонад. Ба ақиби иншои як бача нуқта монданашро ба чашмам дидам. Як олуфтаи дигар баъди мавзўъҳоро ба тахта навиштани муаллим ним соат барин печ хўрда шишту сонӣ рухсат гирифту берун рафт. Муаллим «даробаро мумкин не» гуфту аммо ба вай ҷавоб дод. Сонӣ омаду даҳ дақиқа нишаст ё нанишаст, иншояшро супурд. Чор саҳифаро пур карда омадаст.
Ҳамин хел гапҳоро шунавам, малул мешавам.
Майда-чуйдаҳои ночиз бошад ҳам, шаъни институтамонро паст мезанад. Ба ғайр аз ин, намехоҳам, ки аз қадамҳои аввал эътиқоди Рухсора ба донишгоҳ рахна ёбад. Эътиқод чизи ноёб аст. Онро бо валвалаю гапфурўшӣ ба дил ҷо карда намешавад.
– Имрўз ба гурўҳи дуюм имтиҳони шифоҳӣ буд, даҳ кас ду гирифтааст. Як духтар ҳам, – ташвишомез хабар дод ў.
– Хоҳ - нохоҳ ҳамаро қабул намекунанд.
– Аз як духтар пурсидаанд, ки чӣ хел морҳоро дидааст? Боз аз як бача пурсидаанд, ки гургу харгўш барои чӣ ба баландӣ осонтар медаванд?
– Нисбат ба пои пеш пои қафояшон дарозтар.
– Вай надонистааст. Ҷонварони ёбоиро ман ҳам намедонам.
– Агар хоҳед, ба боғи ҳайвонот мебарам, ҳамаашро нишон медиҳам…Боз ба хобгоҳатон оварда ҳам мемонам, – дар омади гап шўхиомез таклиф кардам.
– Майлаш, – ғайричашмдошти ман Рухсора розӣ шуд. – Лекин як худам не, дугонаам қатӣ.

пешина
аз 538
навбатӣ