Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Азбаски ҳамроҳи дугонааш буд, саросема хайрухуш кард.
Ҳоло вай аз тирезакушода маро диду ду ангушти дасти росташро нишон дода, бо ишорат «ду» гирифтам гуфт. Аммо аз гул-гул шукуфтани чеҳрааш маълум буд, ки шӯхӣ мекунад. Ман аз гармои тоқатшикани гаштирўз нафасгир ва арақшор ба хонаи ў даромадам. Вай нимшўхию нимҷиддӣ маро бо сачоқи тар ду-се бор бодбезӣ кард ва ба пешам харбуза бурида монд.
– Бигиред, хўред, ташнагиро мешиканад.
– Гап занед, чӣ шуд? – як карч харбуза гирифтаму бесаброна барои шунидани тафсилоти баҳои имтиҳон ба рўи вай нигаристам.
– Об овардагию кўзашикастагӣ баробар будаст, – гуфт вай норозиёна даст афшонда.
– Чӣ гап шуд? – дилам таҳ кашид, наход се гирифта бошад.
– Э бовар мекунед, духтараки дар қабатам нишастагӣ аз сиёҳнависи ман ниму нимкора кўчонду дод. Ҷумлаҳо хому нотамом, хайр худатон медонед, сиёҳнавис-дия. Ба вай ҳам баҳои «чор», ба ман ҳам.
Зери лаб хандидам. Вай маънии хандаи маро нафаҳмид.
– Балки вай духтарак ҳам нағз кўчондагист. Аҷаб не, аз худаш илова кардагист?... Муаллим ҳангоми тафтиши иншо соҳиби онро намедонад. Дар варақи иншо ному фамилия нест, фақат рақам. Кадом рақам аз они кӣ буданашро, баъди баҳо мондани муаллим, комиссияи қабул маълум мекунад, – шубҳаи ўро бартараф карданӣ шудам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо