Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Чойро нўшида муаллим боз ба сари мавзўи ман баргашта, гуфтанд:
– Муборизаи химиявӣ бо ҳашароти зарарнок мудохилаи ҷиддии инсон бо табиат аст. Оқибати онро андешидан даркор. Идеяи муборизаи биологӣ нав не, аммо дар муҳити мо амалан ба кор бурдани онро таҳқиқ кардан даркор.
Мўйсафед якраванд. Мегўянд, ки агар мавзўи додагиашонро «хуб» гўён қабул карда, кор бандед бо ҷону дил мадад мекунанд, коратон пеш меравад. Не, агар ба маслиҳаташон гўш надода, пешхезӣ кунед, коратон расво, дигар барои маслиҳати кор ба пеши он кас наравед.
Баъди чойхўрӣ Ҷўразода китобу журнал дар даст
вазнин-вазнин қадам монда мерафтанду маназ қафояшон то хеле вақт нигаристам. Муаллим кам-кам пир шуда, мўйсафеди нуронӣ мешаванд. Ҳамаро дидаю озмуда, кўфтаю пухта шуда, сифатҳои наҷиби ҷавонӣ - шавқу рағбати ҷустуҷў, зиндадилӣ ва ростию ҳақгўиро нигоҳ дошта тавонистан, ба ҳар пири солдида муяссар намешавад.
- АЗ ГУЛ БЎЮ АЗ КАҲ ДУД
Гаштирўзӣ барои баҳои иншояшро фаҳмидан ба
хобгоҳи Рухсора рафтам. Аз ин се рўз пеш, ҳамон рўзи
имтиҳонаш, тарафи бегоҳ ба хобгоҳаш меомадам, ки
дар роҳ пеш омад. «Нағз шуд, – гуфт вай лаҳзае аз роҳ
бозистода, – ҳамааш мавзўъҳои осон буд. «Занон дар
«Шоҳнома»-ро гирифтам. Суханони Чернишевский дар
бораи Гурдофарид дар ёдам буд, навиштам...». Мо дуруст ҳамгап нашудем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо