Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
– Не, муаллим... Ба таътил рафта оям, сонӣ гуфтаандку.
– Ҳа, дарвоқеъ... Хайр, истироҳат карда бед, сонӣ.
– Муаллим, ягон гап доштед?
– Кадом рўз кори шуморо фикр кардаму як чиз маро ҳайрон кард. Чаро дар киштзори кўҳна ҳашароти зарарнок мўлу фоиданокаш қариб нест шудаст?
– Дар натиҷаи дорузанӣ... – дуруст фикр накарда ҷавоб доданамро зуд ҳис кардам.
– Ҳашароти зарарнок нест нашудааст-ку? Ин бесабаб не, – гуфтанд муаллим андешаманд. Маънии ин гапи он касро фақат мо, шогирдон мефаҳмем. Гиреҳи ин муамморо кушодан даркор, гуфтагиашон.
– Маъқул, – гуфтам ман.
Ҷўразода марди миёнақад, каллакалон, борикрў буда, симояшон ҳамеша андешаманд, нигоҳашон ҳамеша равшан буд. Мўи тори сарашон тунук гаштааст. Ёд дорам, рўзҳои аввали ба курсии донишҷўи нишастанамон буд. Муаллим ду соати расо аз ҳар боб саволу ҷавоб карда, бо мо шинос шуданд.
Саволоҳояшон ғалатӣ буд: аз як духтар ному фамилияашро пурсида, савол карданд, ки чашмаш ба чӣ ранг аст, таърихи номи худро медонад ё не, шаҷараи гузаштагонашро чӣ? Аз дигаре пурсида буданд, ки дар тарафи онҳо чӣ хел гулу гиёҳи худрўй ҳаст, кадом ҳайвонҳои ваҳшӣ дучор мешаванд?
Ҳамроҳи муаллим сўҳбаткунон ба чойхонаи боғ расидем. Чойхоначӣ муаллимро дидан замон пеш баромада, ҳолҷўӣ карду ҷои доимии он кас катчаи лаби ҷўйро ба тартиб овард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо