Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

донишманди ҳақиқӣ эътироф мекарданд. Аммо ба назари ман, он кас олим ва донишманди бузург набошанд ҳам, муаллими ҳақиқӣ, устоди мушфиқ ва беҳамтое ҳастанд. Ҳоло ҳам дар дасташон баробари китобҳои илмӣ, журналу рўзномаҳои адабӣ, оммавӣ ва ҳатто бачагона. Монанди ҳамаи муаллимони ҳақиқӣ сару танашон покиза, оддӣ ва шинам аст... Ман ҳаргиз овози баланди он касро нашунидаам. Ҳангоми ба ғазаб омадан (ман ҳамагӣ як бор мушоҳида кардам) лаҳзае худро гум мекунанд, қаламро ба даст мегиранд, дубора ба ҷояш мегузоранд, аз киса рўмолча мебароранд, пешониашонро пок мекунанд ё не, боз ба киса медозанд, баъд озурдахотир гап мезананд. Ман дар тадқиқоти дипломиам ду навъи ҳашароти фоиданоки пахтазорро барои мубориза бо ҳашароти зарарнок интихоб кардам.
Аслан, ин фикр хеле кўҳна, аммо онро дар шароити имрўзаи пахтазори мо амалӣ кардан даркор аст. Ҳоло дар пеши худ вазифа гузоштаам, ки ин муборизаи биологиро дар қитъаи таҷрибавии институт санҷам.
Агар таҷрибаи дилхоҳ диҳад, сонӣ дар пахтазор месанҷем. Сараввал дар пахтазори ягон замини навкорам. Мушоҳида нишон дод, ки дар заминҳои навкорам нисбат ба киштзорҳои кўҳна ҳашароти фоиданок бештар аст. Аҷаб не, дар марҳилаи аввал ба ёрии ҳашароти фоиданок каму беш интекситсид ба кор барем. Махсусан, агар ҳашароти зарарнок ба дараҷаи авҷ кунад...
Ҷўразода аз бозуи ман дошта, раҳравон бо муҳаббат ҳолҷўӣ карданд:
– Ба кор фармон гирифтед?

пешина
аз 538
навбатӣ