Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Ҷўразода яке аз муаллимони писандидаи донишгоҳ.
Муаллимоне ҳастанд, ки унвону обрў доранд, китоб навиштаанд, аммо ягон донишҷў ба онҳо қоил не, ихлос надорад. Ин касон сутуни мўҳташамеро мемонанд, ки ҳеҷ боре бар дўш надорад. Ҳам ту, ба ҳоли худ истодааст. Агар онро аз ҷояш гирифта ба як канор монед, ягон лаби дунё каҷ намешавад. Аммо Ҷўразода баринҳо набошанд, ҷояшон холӣ.
Муаллим Ҷўразода ба қавли худашон, аълохон ва бадхонро зудтар шинохта мегиранду миёнаҳолонро дертар. Се соли охир раҳнамои ҷустуҷўҳои ман буданд.
Дар курси сеюм оид ба ҳаёти якчанд навъ ҳашароти фоиданоки боғу пахтазорҳои кишварамон дар ҷамъияти илмии донишҷўён гузориши илмӣ доштам. Ҳеҷ кас ба маърўзаи ман эътиборе накард. На хуб гуфтанд, на бад.
Хайр, худаш ҳам ба андозаи як кори курсӣ арзише дошт.
Баъди чанд муддат муаллим маро ба кафедра ҷеғ заданду дар хусуси ҳамон маърўзаам гап кушоданд.
Дафтарчаашонро аз ҷайб гирифта, қайдҳояшонро оид ба гузориши ман гуфтанд. Намедонам, чаро дар вақташ нагуфтаанд. Сипас таъкид карданд, ки ин мавзўъ бароят муҳим аст ва ман ба таҳқиқ давом кунам. «Халилихўрак бояд ба мо хизмат кунад», гуфтанд он кас. Яке аз навъҳои фоидаовари ҳашорат халилихўрак буд.
Ҳамин тариқ, бо маслиҳати он кас ман кор сар кардам. Баъд доир ба ҳамин мавзўъ рисолаи дипломӣ навиштам, бомуваффақият ҳимоя кардам. Муаллим одаме буданд, ки агар чизе ба он кас писанд наояд, зўр зада писанда кардан ғайри мумкин буд, аммо агар чизе писанд ояд, то ҷон доранд, онро дастгирӣ мекарданд.
Тамоми институт он касро ҳамчун марди фозил ва

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо