Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

назарам хеле сатҳӣ намуд. Худ ба худ мегуфтам, ки пас аввал киро қабул мекунанд, ҳамон касеро, ки донишаш баланд аст.
Имтиҳонҳоро бо баҳои хубу аъло супорида варақаи имтиҳонамро ба котиб дода пурсидам: «Муаллим, бо ҳамин баҳо қабул мешавам ё не? Вай ба баҳоҳои ман як назар давонду гуфт: «Бешубҳа. Якуми сентябр ба дарс омадан гиред». Яъне, хулосаи комиссияи конкурсро нигарон нашавӣ ҳам мешавад, ту қабул гуфтагиашондия!
Куртаи гули кадуи Рухсораро аз дур дидаму бархоста, ба истиқболаш рафтам. Вай мўяшро дуто карда бофта ба қафо партофта, фарқашро ҳам ба духтарони шаҳрӣ тақлид карда, андаке каҷ гирифтааст. Ҳарчанд, ки хуб шона задаст, мўйҳои хурмоиаш дар баногўш фатила зада, бо камтарин насим таҳрик ёфта, дили касро ба худ ҷазб месохт. Барои руҳашро бардоштан ман аз таърихи имтиҳонсупориамон як воқеаи латифамонандро гуфта, ўро каме хандондам. Сухан мегуфтам, механдидам, аммо нигоҳамро саришта карда наметавонистам. Ман ба як ҳолати аҷибе афтодам. Беихтиёр чашмам гоҳ ба зулфу абрўяш, гоҳ ба рўяш ё чашмашу миҷгонаш банд шуда, то даме, ки вай шармида бо итоб аз ман рўй гардонда, қафотар намерафт, карахт барин меистодам.
Дар чунин вазъияти ногувор талвоса доштам, ки муаллим Ҷўразода пеш омаданд. Ба саломам алек гирифта гузаштанду дақиқае пас аз қафо садо карданд;
– Наврўзов!
Нигарам, бо ишораи сар маро ба назди худ мехонанд. Саросема дасти Рухсораро фишурдам.
– Муваффақият... Ман интизор меистам.

пешина
аз 538
навбатӣ