Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бечора Лутфия формулаҳои мушкилро аз зону боло ба пояш навишта, хандасор гашт... Вактҳои охир доир ба имтиҳон ва тариқи санҷиш ақидаи ман тағир ёфт. Бигзор, дар рўи мизи донишҷў ҳам китобу тавзеҳоти зарурӣ, ҳам дастуруламалу конспектҳояш бошад. Муаллим саволро дода санҷад, ки донишҷў аз конспекту дастуруламал ба чӣ андоза истифода карда метавонад, домани фаҳмиши ў то ба куҷо.
Азбаски ҳанўз аз Рухсора дараке набуд, ман ба чойхонаи сари роҳ даромада, таҳтул фармудам. Дар сари чойхўрӣ ба ёдам расид, ки панҷ сол қабл аз ин ман ҳам ба мисли ин бачаҳо навбат поида, ба имтиҳони қабул даромада будам. Баҷуръат будаам. Бо дохилшавандагоне, ки дар хобгоҳ буданд, як-як мусоҳиб гаштаму ба ҳамроҳонам гуфтам: «Агар ба ҳамин институт ман надароям, номам Вафо не!» Яке аз ҷўраҳоям бо истеҳзо сар ҷунбонд, дигаре ба ғурури ҷавониам писханд кард. Ҳамаашон ба ман тез шуданд:
«Даҳанкалонӣ накун, сағира!»
«Нона калон газу гапа калон назан».
«Ба донишат напар...»
«Ҳа, агар толеъ надошта бошӣ, дониш катӣ ба институт даромада намешавад. Чунон доноҳо ғелида рафтанд, ки...»
Аммо ман ҳам паст наомадам: «Агар ба ҳамин институт надароям, номам Вафо не! Аз баҳри номи падарам додагӣ гузаштам».
Ин қадар бо ҷасорат дил ба дарё задани ман беҳуда набуд. Тайёрӣ ва дониши аксар дохилшавандагон ба

пешина
аз 538
навбатӣ