Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ғалберро аз об бардоштан аст. Ба ман усули имтиҳонгирӣ намефорад. Мо дар тўли як ё ду ҳафта шабу рўз мехондему дафтарҳоро ёд карда, ба имтиҳон медаромадем, қоидаю мисолҳоро тутивор гуфта дода, баҳо мегирифтем. Ҳамин ки аз имтиҳон гузаштем, ҳар чӣ зудтар тамоми он донишро фаромўш мекардем. Аз имтиҳон монанди ҷуволи холӣ бармегаштем. Ҳангоми санҷиш аз дастуруламалҳо, китобҳои ёрирасон фоида бурдан мумкин не. Шпаргалка-ку, аҷали муаллим. Дар аввал ман ҳам мисли дигарон гумон доштам, ки китоб ё конспектро хонда, ҳатман ҳифз кардан даркор. Дар кўҳу саҳро китобу дастуруламал нест-ку! Ба зўри хотираат нигоҳ карда кор мекунӣ! Аммо сонитар бо чашмони худ дидам, ки дар кўҳҳои баланду бекаси Помир ҳам геолог, доктори илм ҷилдҳои дастуруламалро оид ба ҷисми кўҳ зери болин монда мехобид, дар чарогоҳҳои дурдастарин ҳам байтор ду-се китоби заруриро дар хўрҷин дошт...
Сипас ба ҷои беҳуда ёдкуниҳо бештар китоб хонем, ба маънии он илм амиқтар сарфаҳм равем, аз дастуруламал фоида бурданро омўзем, магар хуб нест?! Дигаронро намедонам, агар ман муаллим шавам, барои шпаргалкаи моҳирона сохтагиаш ба донишҷў баҳои қаноатбахш мемондам. Боре шпаргакаи Давриро аз назар гузаронда, қоил шудам. Мазмуни асосии даҳ саҳифа матни китобро дар ним варақ, чунон ҷой кардааст, ки агар худаш сохтагӣ бошад, ҳаққу ҳалол баҳои қаноатбахш монед, меарзад. Санъати шпаргалкасозиро намегўед! Ҳайрон мешавед. Дар курси сеюм Ҷаъфар дар ҷилдҳои алмоси риштарошӣ мазмуни асосии мавзўъро ишора кардаасту бас. Саволномаро гирифта нишасту «алмос»-и даркориашро ёфта, қалам тез мекард ва оҳиста чашм медавонд, ки ба даст афтоду ним сол аз стипендия маҳрум монд.

пешина
аз 538
навбатӣ