Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Оҳанги мусиқӣ ҳавлиро пур карда дилҳоро ба ҷўш овард. Ман чору ночор хайрухуш кардам.

  1. МУАЛЛИМ ҶЎРАЗОДА

Тамоми ҳаёти бошууронаи мо бо имтиҳонсупорӣ мегузарад, гўям, муболиға намешудагист. Ман аз рўзе, ки ақламро шинохтаам, то ба ҳол имтиҳон месупорам ва ҳамеша рўзи имтиҳон аз хона беношто мебароям.
Субҳи имрўз ҳам беношто ба институт омадам. Ин дафъа Рухсора имтиҳон месупорад, аммо ман ҳам дар изтироб. То саршавии имтиҳон ҳанўз якуним соат вақт бошад ҳам, саҳни институтро писару духтар -- дохилшавандагон, падару модар ва хешу табори онҳо пур кардаанд.
Ман ба дар наздик шуда фаҳмидам, ки ба дарун бо гузарномаи махсус медароянд. Дохилшавандагони ба имтиҳон даъват шудагӣ бо варақаи имтиҳон ворид мешуданд. Азбаски дарбонҳо ҷавонони шинос буданд, ба дар наздик нарафтам. Ҳатман гумон мекунанд, ки ягон хешамро дохил карданӣ омадаам. Моҳи август то метавонед аз таги дари ягон донишкада нагузаред. Ягон муаллими шинос рў ба рў ояд, калимаро шунавам, дилам ғаш мекунад, маро як эҳсосоти нофораме фаро мегирад. Гумон накунед, ки ман аз имтиҳон метарсам, ё аз ранҷу азоби он озурдаам. Ҳаргиз! Худи мафҳуми имтиҳон дар асл ба монанди адлу адолат мазмуни хуҷастае дорад, дар муомила ва додугирифт тарозуро ба хотир меоварад, дар табиат шабеҳи он фасли тирамоҳ, мавсимӣ, чунон, ки мегўянд чўҷаҳоро шумурдан ва

пешина
аз 538
навбатӣ