Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сонитар баъди як-ду давр аз рўи баъзе мавзўҳо саволу ҷавоб кардан Рухсора аз хусуси имтиҳон ва конкурс гап сар карду гуфт:
– Рўзи ҳуҷҷатсупорӣ як пиракӣ, худаш муаллимсуроб ба ҳамроҳаш гуфт: «Ба ин шўъба панҷоҳ кас мегиранд.
Камаш бист ҷой аллакай банд шудагист… Ана барои ҷои мондагӣ ҳамин қадар ариза...» Инро шунида, ба дилам фаҳм афтод… Қариб ҳуҷҷатамро гашта гирам.
Ин гапҳо барои ман нав набуданд.
Рухсора боз нақл кард, ки чӣ гуна порсол аз мактабашон як бачаи коҳилу бадхон омада, ба институти мо дохил шудаасту як моҳ хонда боз институтро партофта рафтаст.
– Вай аслан хонданӣ набуду дадааш ба зўрӣ даровардаанд. Ҷудо бою бадавлат, гапашон мебуррад.
Набошад, худи бача китоб ба даст нагирифтааст. Аз хизмати ҳарбӣ монад, гуфта ба институт дароварданд.
Худи бача гуфтаст, ки майлаш ба хизмати ҳарбӣ рафта мебиём, дадааш не гуфтаанд. Бача гуфтагӣ будааст, ки бекора як моҳ мехонаму партофта мебиём.
– Ҳар кас имтиҳонро нағз супорад, хоҳ-нохоҳ дохил мешавад. Шумо хавотир нашавед, албатта, дохил мешавед.
Дам ба дам гирди сари мо чарх задани посбон ғашамро оварду ба Рухсора таклиф кардам, ки ин хел баромада дар хиёбон камтар чарх занем. Вай лаб газиду ба инкор сар ҷунбонд. Шаби ороми ҳаловатбахше буд.
Дар лаби ҳавз сари миз ману вай нишаста, ба чашми якдигар нигариста, бо забони нигоҳ чиҳо намегуфтем.
Нури чароғи электр сояи мижгони ўро ба рўяш андохта буд. Амаки посбон дар рўи кати худ паҳлў зада, транзисторро тофт.

пешина
аз 538
навбатӣ