Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Аз афташ, хатари кам шудани оби нўшокӣ ба вай чандон кор накард, ки аз ҷои дигар сўҳбат сар кард:
– Як амакам пештар ба тарафҳои Фарғона рафтагию ба қарибӣ ба деҳа кўчида омаданд, – гуфт вай чизеро ба ёд оварда. – Дар таги манаҳашон мушт барин ғўррӣ, – Рухсора муштчаашро ба таги манаҳаш бурда нишон дод. – Духтур гуфтаст, ки ҳар кас аз оби ҳамон ҷойҳо хўрад, ғўррӣ мешавад.
– Ҳар кас не. Агар одам дуру дароз дар ҳам он ҷо зиндагӣ карда аз оби ҳамон ҷо хўрад. Дар обашон йод кам. Дар магазинашон агар ба як тонна намак даҳ грамм калийи йод ҳамроҳ кунанд, шуд. Ё ки гоҳе моҳии треска хўрда истанд.
– Имрўз ба мо як муаллими ҷудо зўр консултатсия доданд, – гуфт вай боз мавзўи гапро дигар карда. – Вазифаю китобҳошона гуфтанд... э, як дунё ... номзади илм, дотсент, аъзои ким-чиҳо...
– Қадпасти фарбеҳ?
– Пур паст ҳам не, миёнақад.
Исрофилзода ба онҳо консултатсия дода, аз рўи одат, худситоӣ кардагӣ.
– Сонӣ вай савол доред, гўён аз бачаҳо пурсид. Аз қатори пеш як бача «истифодаи ҳидроген»-ро пурсид.
«Канӣ, ба ин савол кӣ ҷавоб медиҳад?» - гўён муаллим аз мо пурсид. Ҳама хап, донанд ҳам даст намебардоранд.
Э, рав-е, гуфтаму хестам. Гуфтам, ки ҳидроген барои гирифтани аммиак, спирт, бензин даркор. Боз бо ҳидроген нафт тоза мекунанд, оҳан мебурранд, гуфтам.
Муаллим дуруст гуфту сонӣ таъкид кард, ки ин хел саросема ҳамаашро омехта накунам. Баъд худаш яктаякта ҳамонҳоро фаҳмонд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо