Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
– Ана, ба ин ҷо нигоҳ кунед, шумо дар ин формула онро ба об андохта, мегўед, ки зангаш рафт.
Ҳар ду баробар ба дафтар сар хам кардему тори мўи вай ба рўи ман расид. Аз ҳаяҷон лаҳзае гапамро гум кардам. Ба фикрам, ин дам дили ҳардуямон ҳам сахтсахт тапида дақиқае чанд маҷоли гапзанӣ наёфта, хомўш мондем. Аз афташ, муҳаббат дар ҳам ин гуна дақиқаҳо ба дили кас сахт реша давонда, кам-кам тамоми ҳастии инсонро фаро мегирад.
Аз шарми диловез рухсораҳои нозуки вай ҳар замон як ранги дигар касб мекард.
Баъди соате дарсгўию муҳокима кам-кам ҷараёни сўҳбат тағир ёфт. Рухсора дар бораи деҳаашон, мактабу муаллимонаш, падару модар ва хешовандонаш ҳикоя кард. Аз суханаш ба назар мерасид, ки вай андаке калонгирӣ ва худнамоӣ дорад, шукўҳу шавкатро дўст медорад. Баъзе воқеаҳоро мегуфту зимнан шавкату эътибори худаш ё наздиконашро зикр кардан мехост. Чӣ гуна ўро ба писараш талабгор шудани директори мактабашонро ҳам бо майда-чуйдаҳояш гуфт. Онҳо хостгор фиристода, «духтаратон хонданӣ бошад, худамон мехононем», ҳам гуфтаанд. «Чи қадар раису раисшавандаҳо ба миёна даромада, падарашро розӣ карданӣ шудаанд», аммо он кас «духтарам хонда институтро тамом кунад, сонӣ ихтиёраш», гуфтаанд.
– Дадаам аз аввал мана хононданӣ. «Аз духтарони деҳа худат якум шуда ба хондан меравӣ» мегуфтанд.
Гуфтагиашон шуд, – гуфт вай хаёломез аз нуқтае чашм набардошта.
Боз ҳаминро ҳам фаҳмидам, ки падараш аввал дар деҳа хаткашон буда, баъди ташкил ёфтани шўъбаи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо