Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
рост истода гапзанон кардем. Ман рўзи дигар омаданӣ шудам.
– Соати чанд?
– Соати?... Ҳозир... Рўзона набиёед... Аз қишлоқ ягонтаашон омада монанд... мекушанд. Нағзаш намози дигар. Ҳу, дар сари ҳавз столу стул ҳаст.
– Майлаш, – гуфтам ман. Бо ҳамин хайрухуш кардему ман аз хобгоҳи ў баромадам. Аз ин гуна ранг гирифтани муносибатамон хурсанд будам.
– Хўш, тайёрӣ чӣ хел? Мушкилаш барои шумо «химия» ва «биология» будагист? – бегоҳии рўзи дуюм дар сари ҳавз ўро машғули китобхонӣ дида пурсидам.
– Аз химия ҷудо метарсам. Аз ҳамин фан тарсида ба институти тиббӣ нарафтам. Ба ин ҷо медароям гўям, ҳамаашон доду вой карданд, ки духтар ҳам агроном мешавад? Бирав, ба муаллимӣ хон.
Гуфтам, ки муаллим намешавам.
– Чиро нафаҳмидед? Мавзўъҳои нағз нафаҳмидаатон ҳаст?
– Ҳаст. Ҳаст ҳам гап, лак-лак! – вай китобу дафтарашро ба даст гирифт. Китобро варақ зад – варақ заду охир мавзўи «Оксидшавии оҳан» – ро пурсид. Ман оксидшавиро бо мисолҳои осон фаҳмонидам. Баъд барои имтиҳон аз китоб масъала супурдам. Рухсора онро ғалат ҳал кард. Ман саҳвашро фаҳмондам.
– Нигоҳ кунед, агар каландатон занг занад, онро ба оби ҷўй партофта монед, зангаш тоза мешавад?
– Не, – вай шарм дошта, бо табассум рўяшро бо кафи дастонаш руст кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо