Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
– Хайр, бед, имшаб ман шуморо ба хўроки ошхона зиёфат кунам, шояд ягон рўз шумо ҳам бо гўштбирён…
А?
– Раҳмат. Ҳамон хўрок кати худатона зиёфат кунед...
Мо куҷою ошхонаравӣ!
Нафаҳмидам, ки инро ба киноя гуфт ё аз дили рост.
Ба ҳар ҳол таклифамро такрор карда, ўро ташвиқ намудам, аммо вай рад кард. Ба миён хомўшии ногувор афтод, ки ман ҳамеша аз он метарсам. Дар назарам ин хел хомўшӣ ба монанди гирдоби дарё аст, ки торафт тобу тавони касро рабуда, ба комаш фурў мекашад.
Бинобар он то ҷон дорам зўр мезанам бо ҳар васила аз ҷанголи он берун равам.
– Консултатсия даркор не? – нимшухию нимҷиддӣ пурсидам. – Кай вақтатон шавад, гўед, омада мавзўъҳои нафаҳмидагиатонро фаҳмонам.
– Охир шумо тамом кардед, ба коратон намеравед? – пурсид вай бо табассум барои чӣ овора шуда гаштанамро фаҳмиданӣ шуда.
– Кори ман ҳамин... шумо катӣ... яъне, ба шумо илм омўхтан.
– Ба дипломатон муаллим гўён навишта доданд ё агроном? – акнун вай ҳам шўхӣ мекард.
– Албатта, агроном... Аммо маро дар институт ба кор монданд-ку. Мумкин ба шумо семинар гузарам.
– Беҳазл? – вай лаҳзае ба чашмони ман чашм дўхт.
Нигоҳаш алмос барин, кас тоб оварда наметавонад. – Ин хел бошад, консултатсия диҳед, мешавад, – вай боз ба чашми ман чашм дўхту ман гапамро гум кардам.
Сўҳбати мо қўр гирифту ним соат барин ё бештар яке дар долон, дигаре ба дар такя карда, дар болои остона

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо