Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
ҳолати ўро дида ман ҳам дар хиҷолат афтодам. Чӣ гуфтанамро надониста, дар як вазъи ноҳинҷор аз омаданам сад раҳ пушаймон шудам.
– Ҳа, интизор набудед? – гуфтам оқибат базўр бо овози ларзон.
– Не, чӣ донам, вай уребчаашро ба сараш басту камтар худашро ба даст гирад ҳам, ҳанўз пояш меларзид. Ба саволҳои ман аз ваҷҳи тайёрӣ ва саломатиаш сурх шуда рўяшро метофт, чӣ гуфтанашро надониста, аз ҳаяҷон табассум мекард.
Баъд дари хонаашро пўшида пуштнокӣ ба он такя карда амонат рост истод. Ҳам ба ман, ҳам ба долони бекас бо ҳарос менигарист. Пай бурдам, ки аз вохўрӣ ва ҳамгап шудан метарсад. Бо вуҷуди ин, ман ўро саволборон мекардам, ба ҳеҷ ваҷҳ зуд хайрухуш кардан намехостам. Медонистам, ки агар ҳозир «сипоҳигарӣ»
кунам, кор тамом, сонӣ ҷуръат аз дилам меравад. Дар ин хел мавридҳо бачаҳо мегуфтанд, ки ба ҳазлу шўтқаригӣ сар кун.
– Шумо аз боло омадагӣ, – ба тарафи деҳаашон ишора кардам, – ба фариштаҳои осмон надиктар-дия...
аз афташ хўрок ҳам намехўред? Ё каму беш мехўред?
– Не, мехўрем, кӣ гуфт, кӣ намехўрем?
– Дигар духтарон ҳар рўз ба ошхона мераванд, шуморо намебинам.
– Ҳа-а... Ман дар хона хўрок мехўрам.
– Яъне, фақат нону чой? Ё консерваю колбаса ҳам?
– Ҳоло колбасахўрия ёд нагирифтаем. Аз хона гўштбирён фиристоданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо