Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Мегўям, ки ҳой, андаке ақлатро ба ҷояш биёр, соддагӣ накун. Ҳозир ҳушу хаёли вай ба имтиҳон. Ба ту андаке майл зоҳир карда бошад, ҳангоми баромада омадан ақаллан ба дилат шуда як даҳан «биёед, ёрдам тед», мегуфт-да. «Мавзўъҳои мушкилро фаҳмонам», гуфтӣ, на ҳа гуфт, на не... Аммо чӣ кор кунам, ки симои вай аз пеши чашмам намеравад. Умрам бино шуда ман ба ин аҳвол наафтода будам. Дили якравам ба ягон далели ақлу мантиқ гўш намекунад. Охир мумкин духтарак номзад доштагист, ё дар деҳа гаҳворабахшаш будагист?
Ана, ба рўи ҳамин қадар далелҳо хок пошидаму ин бегоҳирўзӣ ба хобгоҳи Рухсора рафтам. Бе ҳеҷ баҳона, ҳамту, барои ҳолпурсӣ омадам, мегўям. Аз ҳар як шиносу ношинос кебида, бо ҳазор фикру хаёл, хиҷолат ва изтироб ба наздаш омаданамро кошкӣ, ин духтар медонист?
Бегоҳирўзии тобистон ҳеҷ кас дар хона намешинад.
Агар одам бо ягон кор ба хона дарояд ҳам, тозон гашта мебарояд. Дар хона дили кас заъф мекунад. Ҳарчанд, ки тобистон шабу рўз тирезаҳо кушодааст, ҳавои хона бегоҳӣ гўё касро фишор медиҳад. Аз ҳамин сабаб ҳамаи он духтароне, ки дар ин хобгоҳ мезистанд, ҳоло дар саҳни ҳавлӣ буданд. Баъзе бо чашмони нимпўш қадамзанон қоидаю мисолҳоро ёд мекарданд, такроран аз зеҳн мегузаронданд. Гурўҳе нишаста саволу ҷавоб ё мусоҳиба доштанд.
Фақат Рухсора дар хона танҳо менишаст. Вай аз омадани ман лаҳзае дасту по хўрд. Гоҳ ба тугмааш даст мезад, гоҳ ба рўймолаш, чӣ гуфтанашро, чӣ кор карданашро надониста сурх мегашт, сафед мешуд. Ин

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо