Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
дигар хелтар басанда аст, ки намуди гулдастаро тағир диҳад. Ин як сухани ў ҳам сўҳбат ва муомилаи моро оҳанги дигар бахшид. Гапамон чунон қўр гирифтааст, ки баъди якуним соат мудири хобгоҳ омаду мо аз ҷо хестем. Ман мактубчаи проректорро аз ҷайб гирифта чашм давондаму фамилияи духтарро фаҳмидам.
– Фамилияатонро фаҳмидам, номатон чӣ?
– Рухсора.
– Номи ман Вафодор.
Вай номи маро шунида «пиққӣ» карда хандид. Номам Вафодор гўям, бори аввал ҳама механданд. Баъзе духтарон шўхӣ мепиндоранд, бовар намекунанд. Ба тарзи мухтасар ва маъмулӣ «Вафо» гуфта будам, дадаам шунида, ранҷиданд. «Номи одамро чала намегиранд», гуфта таъкид карданд.
То дар хобгоҳ ҷо ба ҷо шудани Рухсора нимирўз гашт. Азбаски хобгоҳро таъмир мекарданд, мудир аз бинои дар як канор будаи ин ҳавлӣ ба ду нафар духтар як хоначаро дод.
- ЯК ҚАДАМИ БОҶУРЪАТ
Се рўз боз бегоҳиҳо дар атрофии хобгоҳи ў сайр
мекунам. Баъзан дуру дароз дар рў ба рўи хобгоҳ, дар
истгоҳи автобус меистам, аммо ҳама ба мошин савор
шуда мераванду ман боз ба раҳам давом мекунам. Ҳатто
хўроки нимрўзиро ҳам дар ошхонаи назди хобгоҳи ў
хўрдам. Тасодуфан бо Рухсора вохўрдан мехоҳам, аммо
чӣ чора... Аз афташ, вай аз хобгоҳ берун набаромада
мехонад. Бетаклиф, бе ягон сабаб ба хобгоҳаш равам
гўям, истиҳола мекунам. Гоҳе ўро аз хаёлам дур карданӣ мешавам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо