Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бо даҳони дигарон нон хоида намешавад. Як шоир гуфтааст ку, «барбаста дигар бошаду худраста дигар». Аслан, хондану сухандонӣ нағз, аммо дилёбӣ дар хислати одам, дар хуни вай набошад, намешавад.
Исрофилзода адабиёти бадеъро як тараф монед, аз фанни худаш ҳам соле ягонта китоб намехонад. Лекин дар муомила чунон усто, ки устухон надорад, мегўянд.
Дар институт обрў дорад, аз муаллимони пешқадам ба шумор меравад. Лекин аз лексияаш донишҷўён безоранд. Як дафтари ғафси аз давраи Одаму Ҳавво мондагиро кушода, калима ба калима мехонаду донишҷўёнро маҷбур мекунад, ки ҳарф ба ҳарф нависанд. Сарамонро хам карда менавиштем. Ҳайфи умр, ҳайфи рўзу соатҳои ба конспектнависиҳои беҳуда сарф шудагиам! Ба ҷои он чӣ қадар китоб хондан мумкин буд... Исрофилзода баъзан бо ҷасорат ягон ҷумларо аз ёд гуфтанӣ мешуд ва аз конспекташ ҷудо шуда, ба тарафи тиреза ду-се қадам мемонд, ҳамоно гапашро гум мекарду шитобон баргашта ба дафтар сар хам менамуд. Ёд дорам, боре муаллим дар мобайни дарс аз синф берун рафт. Сўфӣ дар ин фурсат дафтари кушодаи ўро чандин варақ гардонда монд. Муаллим баргашта ба синф даромаду дафтарро аз он ҷое, ки Сўфӣ кушода монда буд, хондан гирифт. Вай мавзўи дигареро мехонд... Ба аксари мо ин навишта ҳеҷ, даркор набуд. Китобро хонда, ҳар як мавзўъро нағз мефаҳмидем. Он чиро, ки шарҳаш дар китоб набуд, аз дусар, Исрофилзода ҳам фаҳмонда наметавонист, бинобар он савол дода, беҳуда ўро дар хиҷолат мононда, ба худ қасддор намекардем. Фақат баъзан, дар соатҳои охирин аз нависонавис хаста шуда, худро ба

пешина
аз 538
навбатӣ