Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
чашми муаллим навишта истода вонамуд мекардему дар асл, бо сари хам пинак мерафтем. Сўфӣ баринҳо гоҳо саҳифаҳои дафтарро бо суханони бемазмун аз қабили «Ҳо Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлӣ...» пур мекарданд. Албатта, тоифаи дигаре низ буданд, ки ҳарф ба ҳарф гуфтаҳои муаллимро навишта, сонӣ гаштаю баргашта ҳам онро хонда, имтиҳон месупориданд. Намедонам, аз чӣ сабаб бошад, дар ёдкуниҳои қориёнаи онҳо ман нишонаҳои нахустини бюрократҳои ояндаро медидам.
Хайр, ҳоло сари гапам сўҳбаторою сухандонӣ буд.
Ҷавононе ҳастанд, ки гапдон ҳам не, товус барин оростаю пероста ҳам не, баръакс, баъзан ба сару либосашон бефарқ менигаранд, гапашонро шунида ба гўлиашон механдед. Аммо духтарҳо катӣ гапашон мепазад. Умуман, дили ин духтарҳоро дониста намешавад.
Ҳис кардам, ки бағоят гуруснаам. Табъам хира бошад, иштиҳоям кўр мешавад. Шаб хўрок нахўрда хоб карда будам. Дасту рў шуста, либосамро пўшидаму ба чойхона баромадам.
Аз мўйсафеде, ки дар як канори чойхона сабати ангурашро монда, худаш бо ду-се нафар ҳамсолони пираш чой хўрда, чақ-чақ мекард, ним кило ангур харидаму ба таҳи чорпояи таҳи бед нишастам. Субҳидам чойхона рўфтаю обзада, рўҳафзо ва дилкушо буд. Аз таҳи чорпояе, ки менишастам, обаки соф мисли кабўтарон кум-кумкунон медавид, дар қафасҳо кабку бедонаҳо бо навбат чаҳ-чаҳ мезаданд. Радиои Душанбе хабарҳои тоза мешунавонд. Чойхонадор амаки Рамазон дар як лаълӣ ду кулчаи кунҷитӣ ва як чойникча чои кабудро бо пиёлааш оварда монданду ҳолпурсӣ карда рафтанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо