Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
саволи муаллим ҷавоби саҳеҳ дода натавонам, ба ман ҳам ин хел ҳол рўй медод.
Дили ман ташнаи шиносоӣ буд. Намедонам, чӣ кори савобе кардам, ки ба мукофоташ ин фаришта ба ман рў ба рў шуд?! Аммо ўро ҳам ранҷондам. Аз қафояш рафта, ҳавлии амакаш аст, ё ҳам ту шиносашон, дидан даркор буд.
Одамизод пешомадашро намедонад. Ҳамон шаб ман аз куҷо донам, ки соҳиби ин ҳавлӣ рўзе ба ман даркор мешавад.
- РУХСОРА
Субҳ аз хоб чашм кушода, воқеаи дишабаро бори дигар ба ёд овардам, ҳар як сухан, ҳар як қадамамро чандинбора андешидам, мулоҳиза кардам. Духтари ғалатӣ... Беҳуда ранҷид. Меояд ё не? Мактуби проректор дар дасти ман, вай бе он ба куҷо меравад?
Хайр, як-ду соат нигарон мешавам, агар наояд, ба хобгоҳ меравам.
Аз он ки бо духтарон гапам намепазад, малул шудам.
Дигарҳо агар бо ҳамин хел духтар шинос шаванд, тез забон меёбанд, ба гап медароранд, бо варсоқиҳои беҳуда қиқир-қиқир механдонанд. Ба фикрам, ҳамаи ин аз кам хондан. Вақтҳои охир ягон повесту романи дурустро хонда нафуровардам. Ба хондан сар мекунаму нимкора мемонад. Барои ҳамин ҳам дар пеши духтарон мум газида мешинам. Пештар боҳавсала будам:
суханони нағз, байтҳои обдорро ба дафтарчаам навишта, латифаҳои намакинро ғун мекардам, дар сўҳбат кор медод. Аммо ҳамон вақтҳо ҳам аҳволам ҳамин буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо