Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
– Кўчаи Зайнаббибӣ дар куҷо буд? – ба рўям нанигариста аз ман савол кард. Албатта, агар вай гап задан намехост, дар он сўтар, дар назди магазин одамон ҷунбуҷўл доштанд, рафта аз онҳо раҳро мепурсид.
Ман ўро ба кўчаи Зайнаббибӣ бурдам. Ин маҳаллаҳоро нағз медонам. Баъзе солҳо хобгоҳ намерасиду дар ба дар гашта хонаи иҷора мекофтем, дар ҳар интихобот аҳолиро ба рўйхат гирифта, варақа тақсим мекардем.
Вай дар сари чорраҳа аз роҳ бозистоду ба ман рў овард:
– Шумо равед, – гуфт ҷангинамо ба рўям нигоҳ накарда, бо овози озурда.
– Шумо ба куҷо?
– Хонаи як амакам дар ҳамин ҷо, – гуфт вай кандаканда саросема.
– Одами дуруст аст охир?
– Ҳа, одами нағз... муаллим. Духтарашон катӣ…
– Хайр, то таги дарашон равам? Дида монам?
– Не, не! Гардед, даркор не.
Дидам, ки ҷиддӣ мегўяд аз роҳ бозистодам. Вай дигар ба ман эътиное накарда дур шуд.
– Хайр, саҳар кати бед. Албатта, бед-а? – гуфтам аз қафояш.
Вай ҷавоб надода дар дили торикӣ гум шуда рафт.
Садои кафшҳои ўро гўш дода лаҳзае истодам. Баъд он ҳам хомўш шуд. Агар гўям, ки табъам хира буд, чандон дуруст не, аммо ким-чӣ хел ноҳинҷор ба роҳи омадагиамон баргаштам. Аз худам норозӣ будам. Ҳар гоҳ вазифаамро аз таҳи дил иҷро накарда, ба ягон

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо