Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аксар маро маломат мегуфтанду бо суханони пасту баланд таҳқир мекарданд, ҳатто таҳдид карданд: як марди қавиҷусса қумғон барин мушти сермўяшро аз тиреза берун карда дўғ зад:
– Ҳа, ҷояш не-дия, зада сию ду дандоната ба ҳалқат ҷо мекардам.
Якбора аз чашмони духтар сели ашк рехт. Ман дасташро сар дода, акнун ҳамроҳаш ба мошин савор шуданӣ будам, ки вай баргашту бо пайраҳа пиёда ба роҳ афтод.
Ман ҳам баробараш мерафтам. Дар хулқи ин духтар як махсусияте буд, ки касро маҷбур мекард, ўро ба дилаш наздик гирад. Не, ин таъсири ҳусни вай набуд.
Ман баъзе хушрўйҳоро медонам, ин хел ҷозиба куҷо, баръакс аз сўҳбаташон дилгир мешавед. Гапашон ғайбат, ҳасрат, худситоӣ. Ҳаваси шиносоӣ бо ин хел духтарон ба мисли он аст, ки дар кўҳсор аз дур гули сурхеро дида, гўё нишони хазинаеро ёфта бошед, ба сўяш медаведу наздик шуда мебинед, ки он лолаи ҳақиқӣ набуда, лолахасак аст. Ноумедона қафо мегардед, зери лаб ғут-ғут мекунед, ки тухми ин лолахасак чи хел ба кўҳи баланд афтодааст.
Вай дигар ба сухани ман ҷавоб намедод. Ҳар ду хомўш мерафтем. Мо хиёбони Ленинро бурида гузашта, ба самти шарқ раҳ гирифтему баъди як зум ба кўчаи Хайём баромадем. Ин кўча ба мисоли шерозае шаҳрро аз шимол ба шарқ, давр зада мегузарад. Дар тарафи дасти чап ҳавлиҳо мисли зинапояҳои бешумор болои талу теппаҳо ҷой гирифтаанд. Духтар аз роҳ истоду саргаранг ба чор сў чашм давонд. Касе набуд, ки роҳро пурсад.

пешина
аз 538
навбатӣ