Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фарёди тарсноки духтари ношинос маро ба худ овард. Духтари дигар будаст.
Бечора аз тарс худро ба қафои дугонаҳояш гирифта, ба ман бо ҳарос менигарист. Ба вай узр гуфтаму ба пеш тохтам. Духтарон ба мазаммати ман ё ба ҳоли дугонаи тарсончакашон қоҳ-қоҳ зада хандиданд. Баргашта нигоҳ накардам. Ханданд, хандидан гиранд.
Ўро дар истгоҳи автобус ёфтам. Маро диду рўяшро ба сўи дигар тофт. Барои нафас рост кардан қарор гирифтаму дар рӯшноии чароғ дурусттар дидам, то ки боз хато накунам.
– Шумо сухани маро... нафаҳмида... ранҷидед, – азбаски тапиши дилам паст нашуда буду ҳаросзанон нафас мегирифтам, суханҳоро канда-канда гуфтам. – Ман охир...
Вай ба сўи автобусе, ки ин дам омада дар истгоҳ қарор гирифт, қадам монд.
– Истед, наравед, – беихтиёр аз банди дасташ доштанамро худам ҳам намедонам.
– Сартед!.. Одамед ё... – вай бо қаҳр дасташро аз дастам раҳо карда, ба автобус даромаданӣ шуд, аммо ман сар надодам.
Сонӣ дақиқае дасти хурду сахташро такон дода вай кашид, ман кашидам, ҳар ду кашмакаше барпо кардем.
Ман ҳаргиз дасти ўро аз дастам раҳо намекардам, вале мардуми автобус шўр бардоштанд:
– Ҳой, сар деҳ! Ба духтари мардум чӣ ҳақ дорӣ?
– Шарм дор!... Нахоҳад, вой гўй!
– Э, намон, рафтанӣ намон! Ин хелаша боз меёбӣ ё не.
– Э, мон, равад, тухмаш анқо нашудаст!

пешина
аз 538
навбатӣ