Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аввал ман ҳам ба аспи ситеза савор шуда қаҳрам омад, ки чаро бесабаб ин қадар носазо мегўяд? Ҳушёр аст ё маст? Афсўс хўрдам, ки чаро ягон ҷавоби сазовор надодам. Баъд кам-кам ором шудаму худро бо он тасаллӣ додам, ки вай нав ба шаҳр омадаст, ба ҳар кас бо шубҳа менигарад. Сухани маро нодуруст фаҳмид...
Чаро дар ин бевақтӣ мондам, ки танҳо равад? Ба куҷо меравад? Агар ҳозир Лутфулло мебуд, мегуфт:
«Мурданат авло, ки дар синни бисту се як духтарро ба гап дароварда натавонию ранҷонда фиристӣ!».
Ногоҳ бо такони сахте аз ҷои истодаам парида рафтам. Барои сарозер парчин шуда, наафтода ниҳоли борики соқаш хорпечро дошта, дастамро харошидам.
– Ҳа, кўкнорӣ! Хобӣ ё хаёл?
Ба Сўфии дар рў ба рўям хандида истода бо ғазаб нигаристаму чизе нагуфта, рўямро гардондам. Садқаи сухан шавад.
– Р-р-анҷидӣ? – вай авзои маро дида, андаке ба худ омад. Чӣ гап шуд, ё тобатон гурехт? А? – вай пештар омада, ба чашмам нигарист. Аз даҳанаш бўи ғализи шароб омад.
– Гум шав-е! – ўро ба як сў тела додаму аз паси духтар давидам.
Ҳамон шаб ҳар касе, ки маро дар кўча дид, бешубҳа ба сараш ягон фалокат омадаст, гуфтагист. Шомгоҳон дар кўчаи пуродами шаҳр саросема медавидам. Китфи якеро такон медодам, пои дигареро зер мекардам, китоби сеюмиро аз дасташ зада меафтондам, аммо беузру маъзур, ба қафоям нигоҳ накарда медавидам.
Одамон аз қафоям норозиёна ғурғур мекарданд, гап мезаданд, гўш намедодам. Ана, вай! Ман тозон рафта, пеши роҳашро доштам...

пешина
аз 538
навбатӣ