Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шом шуд.
Духтар изтиробомез ба рўи ман менигарист. Мижгонҳои вай аҷаб ҳамвору зич буда, ҳангоми поён шудан гўё ба мисли пардае чашмони зебои ўро аз нигоҳи бад панаҳ мекарданд.
Ман ботинан хурсанд будам, ки барои ҳамин хел як духтари нозанин овораам, фикр мекунам. Аммо «чӣ кор мекунем?» - гўён ба чашмони ман дуру дароз нигариста, имдод хостани вай маро бесаришта мекард. Чӣ бояд кард? Бори дигар ба хобгоҳ даромада, хонаҳоро тафтиш карда баромадам. Ягонта духтар нест. Дар як зум ҳамаи чораҳои имконпазирро андешида дидаму оқибат гуфтам:
– Ман як худам дар як хона, – бо хиҷолат ба чашмонаш нигоҳ накарда, чораи ёфтагиамро пешкаш кардам, – шумо дар кати ман хоб кунед...
– Чӣ-ӣ?... – якбора тори чашмонаш кашида шуду бо адоват ба ман нигариста, ду-се қадам ақиб рафт, ранги рўяш сап-сафед канд. – Одам гуфта... ман бовар кардаам… – намедонам вай чӣ гуфтанӣ буд, ки сухани даркорӣ ба забонаш наомаду бо изтироб даст афшонда ба роҳ афтод.
– Ҳой, истед! Гапро нафаҳмида... – ман тохта сари роҳашро гирифтам. – Чӣ гап шуд? Куҷо меравед? Ман гапи ганда нагуфтаам - ку?
– Бас, бас! Фаҳмидам. Безорам... Хобгоҳатон аз саратон монад, – аз алам якбора чашмонаш об гирифт, гиря гулӯгираш карду рафт.
Ман ҳайрон мондам, худ ба худ китф дарҳам кашидаму «аҷоиб» гуфтам.

пешина
аз 538
навбатӣ