Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
серфарзандӣ, дада. Онҳо – қаҳрамонмодар!». «Хайр, зан боз чӣ хел қаҳрамон шавад? Асптозӣ кунад ё кўҳа гардонад? – ба ҳеҷ ваҷҳ тан намедод пирамард. – Даҳтагӣ-понздаҳтагӣ фарзанд калон кардаст, боз чӣ мехоҳӣ? Чӣ, бача калон кардан гумонат кор не? Ба ман монанд, аввал ба ҳамонҳо нафақа медодам»...
Ба мо гуфта буданд, ки аз деҳа ҳеҷ набошад, як-ду нафар духтарро барои таҳсил ба институт ташвиқ карда биёрем.
Субҳи рўзи дигар ба кор сар кардем. Ҳамроҳи раиси ҷамоа, директори мактаб, инструктори комитети комсомоли район хона ба хона гаштем. Барои ибрат корро аввал аз духтарони фаъолони деҳа сар кардам.
Духтари раиси ҷамоат ҳамин сол синфи даҳро тамом кардагӣ будааст, ҳуҷҷатҳояшро гирифтем, худаш ба мошин савор шуд. Аммо аз чашми модари духтар аён буд, ки фарзандаш ба ҳеҷ ваҷҳ намехонад, баргашта меояд. Барои ба падараш гап нарасондан мераваду зуд бо ягон баҳона баргашта меояд... Барои ду духтари дигар, ки бо тавсияи директор ба хонаашон рафтем, қариб буд, ки дилсиёҳӣ кунанд. Мо аз аҳамияти таҳсил гап занем, онҳо хархаша сар карданд. Хеле сурху сафед шудем, суханони пасту баланд ҳам шуд.
Ҳамон рўз баъди гапгузарониҳои зиёд, аз рўи калонони деҳа гузашта натавониста, падару модар боз як духтарро ба мошин савор карданду мо ба шаҳр баргаштем...
Дар хобгоҳи мо ҳам кор барор нагирифт. Ману
духтараки ҳалқасоӣ ҳайрон мондем. Танҳо дар ду хона духтарон буданд, ки ҳоло дар хобгоҳ нестанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо