Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Боз ташвиши зиндагиаш, бачаю кача ба сараш сарборӣ. Ягон мард ҷомашўӣ мекунад?
Парпечи кўдакашро мешўяд? Не. Баъзе мардат хариди бозору магазина ҳам ба занаш насб кардагӣ. Бечора зана озод кардем гуфта худашона озод кардаанд! Ҳам кори давлат, ҳам пештар барин ташвиши зиндагӣ ба сараш... Маънии озодии зан ин хел набудагист, додар!
Хайр, агар зани бачадору рўзгордор ним рўз кори давлат мекард, гап дигар буд, – мўйсафед «суханам дуруст ё не» гуфтагӣ барин бо табассум аввал ба Лутфулло, сонӣ ба ҳар яки мо алоҳида-алоҳида нигарист. Сипас чойи пиёлаашро ҳўп кашид, лаби онро ба канори дастархон пок карда ба писараш доду суханашро давом намуд: «Занҳои мо ҳам меҳнати кликтиф мекунанд, додар, – вай ин ибораи аз нутқи нотиқон ба гўшаш нишастаро ба тарзе гуфт, ки беихтиёр дар лаби ҳама табассум давид. – Бачааш кам ё каси кӯдакоша менигаштагӣ бошад, чаро дар хона бишнад, дар саҳро кор мекунад... Аммо панҷ бачая ба боғчаю яслӣ дода, зан чӣ кор ҳам мекунад?!.. Ҳа, гуфтӣ ки, – вай боз ба Лутфулло рў оварда, зонуи ўро бо дасташ нихта карда монд, – занҳои мамлакат қаҳрамон шуданд, фалон шуданд, бисмадон шуданд. Ба гумонат занҳои қишлоқ, даст пеш гирифта, хап шиштанд? Эҳ-ҳе-е, – мад кашид мўйсафед, – аз худи ҳамин Ҳалқасой агар ғалат накунам, ҳаштааш қаҳрамон аст. Агар дурусттар ковӣ, валло, аз бисоти ҳар яктааш як тоқӣ нишон меёбӣ. Рост не?» – Мўйсафед барои тасдиқи даъвояш писарашро шафеъ овард. Аммо писар зери лаб хандиду оҳиста, хеле боадабона эътироз кард: «Вай орденҳо барои

пешина
аз 538
навбатӣ