Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

овардаанд, сухан гуфтем. Матлаби мо ба институт ташвиқ кардани духтарон, аммо дар клуб асосан, мўйсафедону мардони шаб ба чойхона баромадагӣ ва якта-нимта ҷавонон ғун гаштанд. Ҳамагӣ чор нафар аз духтарони имсол номаи камол гирифтагӣ бо исрори роҳбарон омада дар як гўша ғун шуда, хомўш менишастанд. Ҳарчанд гуфтем, ки пештар омада бишинанд, садое набаромад. Ҳозирон чуруққӣ накарда гапҳои моро гўш карданду баъд дар охир «Раҳмат додаро, раҳмат. Аз ҳам ин қадар раҳ мора гуфта омадед, раҳмат, сарамо ба осмон расид. Ба устодатон раҳмат, ба падару модаратон ҳазор раҳмат», гуфта миннатдорӣ карданд, баъзеҳояшон «ҳамин гапатон пухта, сад фоиз дуруст, ҳамааш маъқул, додар», гўён таҳсин карданду пароканда шуданд.
Моро як нафар дастпарвари институтамон, ки ҳоло дар ин деҳа кор мекардааст, ба хонааш таклиф кард.
Падари ў мўйсафеди аҷоиб баромад. Чунон пири хушчақчақе, ки аз сўҳбаташ дил канда наметавонед.
Бесавод бошад ҳам аз сиёсат, аз талаби давру замон хабардор, мантиқи суханонаш пухта, як пири зиндадил.
Лутфулло аз озодии занҳо сухан сар карда, ҳанўз ҳам қисме дар ғафлат, аз таҳсил канор мондани занҳои инҷоро гўшзад кард. Гуфт, ки дар деҳа ҳамаи корҳои соягиро мардҳо гирифта, дар саҳро аксар занҳо кор мекунанд. Аммо ин даъвояш ба ҳақиқат ҷуфт наомад.
Мўйсафед ҷаҳондида будаст, гуфт: «Писарам, ҳамин хел бошад ҳам, занҳои мо аз занҳои шаҳрат осудатаранд.
Хайр, аҷаб не, нағз напўшанд, бамаза нахўранд, ба киною консерт нараванд, аммо биллои азим, осудаанд.
Гўш кун, – пиракӣ ба нотиқи мо маҷоли даҳан кушодан намедод, – зан дар шаҳр баробари мард дар зовутай ё маҳкама кор мекунад.

пешина
аз 538
навбатӣ