Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Ҳалқасой чандон деҳаи дурдаст набошад ҳам, бо одату анъанаҳои худ аз шаҳр фарқи калон дорад.
Вагарна, дур не, дар тори сари пойтахт, дар болои кўҳ.
Ба ҳар ҳол, аз шаҳр ҳамин хел менамояд. Агар ба худи деҳа равед, мебинед, ки дар боло боз кўҳҳои баланд бисёру деҳа дар бағали кўҳҳо воқеъ аст. Аз шаҳр то Ҳалқасой бисту чор километр роҳ бошад ҳам, онҳо дар шафати якдигар, дар байн кўҳу тали баланде нест, аз ин рў чорарҳои тарафи муқобилро шабона равшан мебинанд. Агар аз Ҳалқасой пиёда ба роҳ бароед, адир то рафт ба як маром нишеб хўрда меравад. Мардуми деҳа беҳуда намегўянд, ки зимистон пой лағжад, рафта ба Душанбе меафтед. Бисёр сокинони деҳа ба шаҳр омада, дар корхонаҳо кор мекунанд. Деҳа обод – чароғи электр, магазин, клубу китобхона, мактаби калони дуқабата дорад. Иморатҳои колхозчиён шиферпўш, дар боми хонаҳо антенаҳои телевизорро шумурда намешавад.
Аммо дар бобати зандорӣ мардуми деҳа аз сокинони гўшаҳои канортарине ки урфу одати пешин устувор аст, мегузаронанд. Чунон, ки гуфтам, чор сол пеш мо якчанд нафар фаъолони комсомол бо супориши махсус ба он деҳа рафта будем. Ронанда аз даромади деҳа то идораи колхоз як даст ба сигнал мошин ронд. Бегоҳирўзӣ кўчаи деҳа мӯрчахона барин виҷ-виҷ мекард. «Ба ҳар хона даҳтагӣ бача рост меояд, ки кам не», мегуфт ронанда. Ё дорам, роҳбарон дар клуб мардумро ҷамъ карданд.
Лутфулло доир ба саҳми занҳо дар сохтмони сотсиалистӣ гап зад. Ман дар бораи институт, шўъбаҳои он, таҳсил ва ҳаёти донишҷўён, Даврию Назокат аз хусуси шароити хубе, ки барои духтарон фароҳам

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо