Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
– Ба фикрам, мудир дигар намеояд, – гуфтам ба тарафи вай наздиктар рафта. Фардо мебиёем. Барои имшаб ҷои хоб доред?
Вай дар ҷавоб ҳеҷ чиз нагуфту фикр карда монд.
Баъди фурсате гуфт:
– Ба хонаамон меравам. Саҳар гашта мебиём.
– Оворагии барзиёд. Дер ҳам шуд, гумон аст, ки автобус гардад, – гуфтам ман бидуни ҳеҷ андеша аз рўи фаҳмиши худ. Духтарак ба фикр афтод. Ба хотирам расид, ки вай дар ягон ҷой хоб карданаш даркор.
Бинобар он ба ў аввалин чораи ба хаёлам расидагиро пешкаш кардам:
– Бед, ба хобгоҳи мо меравем, духтарон ҳастанд, дар хонаи онҳо хоб мекунед. Кати холӣ мўл. Як шаб ҳазор шаб не.
– Э, чӣ даркор бефараҳ кардан, хонаи амакам меравам.
Аммо ман пай бурдам, ки вай ба чашмони ман нигариста, фаҳмиданӣ аст, ки ба хобгоҳ рафтанаш барои ман ташвише дорад ё не.
– Бевақт шуд. Ба хобгоҳ меравем, назди духтарони мо зиқ намешавед. Баръакс, ба шумо хеле гапу кор ёд дода мемонанд, – гуфтам ман ва ўро ба роҳ ҳидоят намудам:
– Рафтем.
Дар роҳ вай гоҳ баробари ман, гоҳ аз қафо қадам мемонд. Гуфтугўи мо аз тасдиқу инкор дур намерафт.
Рости гап, ман аз вай ин қадар ҷуръат чашмдор набудам. Ба ҳамин дараҷа расидани духтари ҳалқасоиро кӣ бовар мекунад?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо