Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
– Ман шуморо аз дигарон кам нагуфтаам, баръакс...
Мо чор сол пеш барои духтаронро ба хондан овардан ба деҳаатон рафтагӣ.
Муомилаи ҳамдеҳагонаш ба хотираш расид магар, ки ў боз табассум кард.
– Шумо "бо розигию ризогӣ" омадед, охир? Ё аз ақибатон меоянд?
– Не, бо розигӣ. Агар даромада натавонам, тамом, дигар намемонанд. Ба ҳамин шарт омадам.
– Қабул мешавед, – гуфтам ман чи гуфтанамро надониста.
Вай саволомез ба ман нигарист. Нигоҳаш мепурсид, ки чаро ман дар ин хусус дилпурам, худи ман кистам.
– Шумо ҳам мехонед, ё?..
– Ман ҳамин сол институтро тамом кардам. Акнун ба кор.
Боз хомўшӣ ба миён афтид. Ҳамеша ҳамин тавр: ба духтарон кӣ буданатонро гўед, ба риштаи сўҳбат гиреҳ меафтад. Як шоир дуруст гуфтааст: «Дар ҳузури хубрўён арзи дониш хуб нест». Охир дипломи донишгоҳи олӣ таъсир ва нуфузе дорад! Акнун бечора сухани мегуфтагиашро чандин бор хоида, сонӣ мегўяд.
Метарсад, ки аз даҳонаш ягон сухани хато мебарояду ин ҳамроҳи «донишмандаш» мазоҳ карда механдад.
Ошкоро нахандад ҳам, дар дилаш мазаммат мекунад.
Ман ҳамроҳи ин духтар то бегоҳ мудири хобгоҳро нигарон будам, аммо вай наомад. «Аз паи таъмири хобгоҳ овора гаштаст», гуфтанд. Духтар ба майли хотир дар хараки лаби ҳавз нишаста, китоби «Химия» - ро мехонд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо