Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
– Аз Ҳалқасой? – ҷои тааҷҷуб буд ва ман ҳайрониамро пинҳон накарда, ба сар то пои вай нигаристам. Духтар сабаби тааҷҷуби маро фаҳмиду бо нимтабассум рўяшро ба тарафи дигар тофт. Акнун барои ман мавзўи гап ёфт шуд. Мисли моҳие, ки баъди талвоса дар тунукоби соҳил, дигарбора ба дарё расидааст, нафаси сабук гирифтам.
Духтар ҳанўз ҳам табассум мекард. Синни ў аз ҳабдаҳ-ҳаждаҳ кам набошад ҳам, табассуми беғамона, қадаммонӣ ва боз ким-кадом хусусиятҳои ў духтаракони мактабро ба ёд меовард. Ҳангоми табассум дандонҳои монанди биринҷ сафеду резааш аз паси пардаи лабҳои тунукаш сонияе дурахшида, ба монанди ламъаи барқе ба дили кас рушноӣ зада мегузаштанд. Вай духтари маҳинҷуссае буд, сафедандому тозарў, ду гесуи тобдор ба миёнаш расида, бозӣ мекарданд, чашмони сиёҳу махмураш ҳамеша ба кас бовиқор менигаристанд. Дар абрувонаш асари кабудии ўсма буд. Аҷаб не, аз ҳамин ҷиҳат бошад, ки ба ман аз вай серунии усма, ҳатто ба машомам накҳати он меомад... Аҷаб, мегуфтам худ ба худ, ҳамагӣ чор сол пештар аз Ҳалқасой бо ташвиқу тарғиб духтаронро ба донишгоҳ ҷалб мекардем. Ана, имрўз худашон омадаанду боз институт хобгоҳ ҳам надодааст.
– Шуморо беимтиҳон қабул кунанд ҳам, кам аст, – гуфтам ман он солҳоро ба ёд оварда.
– Чӣ, мо аз дигарон камем?
Сухани ман ба вай хуш наомад, абрўяш чин шуду авзояш ҷиддитар гашт. Кӣ медонад, балки дар сараш андешаҳои тамоман дигар бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо