Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
духтарон вонамуд мекунанд, ки варсоқигўии ҷавон дар
бораи обу ҳаво ё филмҳои нав шавқовар аст ва бо авзои
ҷиддӣ гўш карда, саволҳо. медиҳанд. Ба мисли он, ки
филми навро ба деҳа ҳамроҳи лектор мефиристанду
мардум пеш аз тамошо вазъгўии ўро ғинги накарда гўш
мекунанд, духтарон ҳам таҳи гапро фаҳмиданӣ шуда,
гоҳе имкон медиҳанд, ки ҷавонон хуб лаққанд. Аслан,
духтарони боҳуш аз ҳамин суханони дар назар пучу
берабт ҳам, кию чӣ будани ҳамсўҳбаташонро
мефаҳманд. Чунон ки сураткаши моҳир ҳамту беҳуда қалам кашад ҳам, аз зери килкаш ягон тасвири аҷиб
мебарояд, сўҳбати беҳудаи одами яклухт ҳам намакдор
аст.
Пас аз хеле роҳ рафтан ман ҳанўз ҳам ба рўи духтар
нанигариста пурсидам:
– Ба институт медароед?
Духтар ба ишораи тасдиқ сар ҷунбонд. Ман дар
дилам ба саволи бемантиқи худ хандидам. Охир ҳеҷ
набошад, ба кадом факултет даромаданиед, гўям,
намешуд! Ба ҳар ҳол сўҳбат канда нашавад, гап задан
даркор. Ман оҳиста ба рўи вай зеҳн мондаму ҳамин ки
чашмаш ба чашмам афтод, саросема пурсидам:
– Чаро хобгоҳ надоданд?
– Надонам, – вай бепарво китф дарҳам кашид. Ман
бори дигар чашмони сиёҳи нармнигоҳашро диданӣ
будам, аммо вай ба тарафи ман нанигирист. Номаълум
чашмони гирояшро гурезонд. Аз дилам гузашт, ки
аллакай таъсири ҳуснашро фаҳмидааст.
– Аз куҷоед? Аз Файзобод не?
– Не, аз Ҳалқасой.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо