Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

якбора боз дудила шудам: мабодо маро лаборант таъин кунанд! Дарҳол розӣ нашуда, андешиданам ҳозиронро ҳайрон кард. Ректор як бор ба ман, як бор ба мудири кафедра Ҷўразода нигариста, норозиёна гуфт:
– Дар институте, ки панҷ сол ба шумо дониш дод, якду сол кор кардан намехоҳед?
– Не, майлаш, – гуфтам ман.
Аздусар ба чӣ вазифа таъин карданашонро пурсидан саволи беҷо ва бемаънӣ аст. Ба ғайр аз ин, ҳоло ягон нақшаи аниқе надорам.
Аз мақсад дур наравам, ҳоло маро проректор ҷеғ зад.
– Илтимос, ин касро ба хобгоҳи чорум бареду мудирро ёфта гўед, ки хобгоҳ диҳад. Ана, коғаз – проректор мактубчае ба дастам дода, як духтареро, ки дохилшаванда буданаш аён буд, ба ман ҳамроҳ кард.
Дар назари аввал духтар ҳусну малоҳати чашмхиракунанда надошт, аммо дилкаш, ситорагарм, як духтари қишлоқӣ буд. Ман, ҳатто ба рўяш дурусттар нигоҳ накарда, ўро ба роҳ ҳидоят намудам.
Дохилшавандаи бебарор бошад ҳам, духтар духтар аст, кас дар назди ў дасту по мехўрад. Албатта, ин сабабҳои зиёде дорад. Дар деҳа аз хурдӣ бо духтарон бозӣ кардани бачаҳоро ноҷоиз мешуморанд. Таъсири ин одат ҳанўз аз ман гум нашудааст. Ба ғайр аз ин худи мо ҷавонон ҳам ғалатием. Қабл аз сухан сар кардан дар рў ба рўи духтар хеле меандешем, иззати нафсамон иҷозат намедиҳад, ки ягон сухани беҷо гуфта, боиси мазоҳ гардем. Дар хаёли худ ўро бо фариштаҳои осмонӣ баробар мекунему сипас кебида, бо азобе сухан сар мекунем. Ғарқи хаёлҳои ширин аз табиат гап мезанем ва аз суханони сохтаю бофтаи худ хиҷолат мекашем. Баъзе

пешина
аз 538
навбатӣ