Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
ба имрӯз бардоштаашро аз лавҳи хотир сутурда, ба рӯи ҳар яке беғаш, бетаассуб, фақат аз рӯи меҳр менигарист.
Солҳои 1983—84
Р У Х С О Р А
Иродат надорӣ, – саодат маҷўй.
Саъдӣ
- ДУХТАРЕ АЗ ҲАЛҚАСОЙ
Тобистони ҳамон сол ман баъди хатми донишгоҳи олӣ ба кор сар мекардаму вай барои дохил шудан ҳуҷҷат месупурд. Шиносоии мо тасодуфи ҳаёт аст. Агар ман як рўз пештар паспортамро нав карда, ба деҳа мерафтам, балки тақдири мо дигаргуна сурат мегирифт. Кӣ медонад, балки дар он маврид ин қисса ҳам нонавишта мемонд.
Рўзе, ки бори аввал нигоҳи мо ба ҳам афтод, ҳаргиз аз хотир намеравад. Назди фаввора хаёломез рост меистодам. Лаҳзае обпошии он чашмамро бурдааст.
Ногоҳ аз ақиб касе фамилияамро гирифта ҷеғ зад.
Нигарам, проректори институт. Чашмам ба чашми он кас афтоду худ аз худ хиҷил шудам. Гумонам, «чаро ба таътил нарафтӣ», гуфта мепурсида бошанд. Агар мўҳлати паспортам ба охир намерасид, ман кайҳо мерафтам. Айёми имтиҳони давлатӣ ба ивази он фурсат наёфтам. Ана, барои ҳамин имрўзҳо дар институт беҳудаю баҳуда даробаро доштам. Аслаш, ин қадар шитоб карда, ба куҷо ҳам меравам? Ҷои кор таъин, сечор рўз дар шаҳр бе ташвиши имтиҳон, фориғ аз ғами семинар, давр зада гаштан, «шикамсерӣ» филм дидан ҳам нашъае дорад. Ба кор сар кунам, ин хел фурсат мешавад ё не, даргумон. Шаҳр ба дилам зада, ҳавои дашту саҳроро пазмон шуда будам, аммо боз дар ҳам ин ҷо ба кор монданд. Пеш аз кор сар кардани комиссияи тақсимот дар байни бачаҳо овозае сар зад, ки маро дар кафедра ба кор мемондаанд. Ман умедвори ин хел таклиф набудам, бинобар он ҳайрон шудам. Чандон бовар ҳам накардам. Баъзе ташвиқ карданд, гурўҳе нописандона даст афшонданд. Ба ғайр аз ин, маълум шуд, ки талабгорони ин вазифа кам набудаанд. Дарҳол кинояю пиҷинг, гапҳои пасту баланди онҳо ҳам ба гўшам расид. Аз ҳама бештар як гапашон сахт алам кард: гўё ман лоиқи дар институт мондан набудаам.
Одам, баъди ин хел гап дар ин ҷо ба кор намонданӣ бошад ҳам, як бор монда, кор мекунад. Ҳол он ки дар ин донишгоҳ ҳамроҳии Ҷўразода барин устоди мўътабар кор кардан бахти бузург аст.
Вақте ки ба ҳузури комиссияи тақсимот даъват шудам, ректор ба ман талабгор будани кафедраро изҳор карда, аз намояндаи вазорат хоҳиш намуд, ки маро ба ихтиёри институт вогузоранд. Дар ҳамин лаҳза яку

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо