Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бубинед, дар назди ҷавонмарди оқилу хоксор ва баинсоф ҳама сари таъзим фуруд меоваранд! Ҳаёт бар дӯши ҳиммати ин чунинҳо қоим ва устувор аст. Марди ҳарису тамаллуқкор ва бевиҷдон ҳам кас шуд?! Саг барин барои луқмае дум мелиққонад.
— Ҳой, духтар, марди беақлтарин ҳам худро...
— Гӯш кун, ман суханамро адо накардаам, — Занҷир сухани Салимаро бурид. — Аммо дар бобати амнияти ҷаҳон ман бештар ба занҳо эътимод дорам. Ҷангро кӣ сар мекунад? Сардорони ҳукуматҳо, ҳарбиён, дипломатҳои сиёсатмадор. Аз занҳо ба ин корҳо машғул хеле каманд. Занҳо ҷангара нестанд. Ба ростӣ, мо сидқан тарафдори амниятем.
— Ҳайфо, ки дар мо баъзан ба ақлашу ҳунараш нею ба ҳуснаш ва дигар ҷиҳатҳои на чандон дилписандаш нигариста занро боло мебардоранд...
Ирина ба ин гуфтаи Салима эътироз карду ҳар ду ба далеловарӣ ва собит кардани ақидаи худ пардохтанд.
Занҷир ҳоло Доварро пеши назар меоварду ӯро бо муҳаббат аз чаҳор сӯю шаш ҷиҳаташ менигарист ва ҷаҳд мекард то маҳбуби худро бо чашми бегонагон бубинад.
Дар сари ин матлаб вай ҳама афкори хурду камарзиш ва маҳрамонаи худро гӯё аз сараш берун меандохт. Ин лаҳза вай аз қайди худ раҳоӣ ёфта, гӯё ба мавҷуде табдил ёфта буд, ки дар худ на фақат Доварро, балки ҳамаи инсонҳоро таҷассум медод, дар зарбаҳои қалби худ тапиданҳои дили ҳар як фарди башарро гӯё эҳсос мекард.
Муҳаббат чашми дили Занҷирро боз карда буд ва ӯ ҳоло дар ҳақи одамон кулли он таъсир ва тасаввуроти то

пешина
аз 538
навбатӣ